ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Пойафзоли танг ё васеъ ба сабзиши пойҳо ва ё ба дуруст ҳаракат кардани одам халал мерасонад. Пойафзоли танг роҳгардиро вазнин карда, пойро ба дард меорад ва пойҳо арақ мекунанд.
Пойафзоли кўдакона агар аз чарми тоза тайёр шуда бошад, беҳтар аст, зеро ин мавод аз худ ҳаво мегузаронад. Аз пойафзоли варзишӣ камтар истифода кардан лозим аст.
Дар хона либоси хонагӣ ва пойафзоли хонагӣ доштан ва пўшидани он муҳим аст.
Бо мақсади пешгирии бемории ҳамвории кафи пой пойафзоли баландии пошнааш на кам аз 1,5-2 см баланд тавсия дода мешавад.
БОБИ 3.
МАН ВА САЛОМАТИИ МАН
§20. ОРГАНИЗМИ ИНСОН ЧИСТ?
Организм (ҷисм)-и инсон аз узвҳои гуногун иборат аст:
дил, шуш, меъда ва ғайра. Ҳар як узви бадан сохти ба худ хос ва вазифаи муайян дорад. Мисол, бо ёрии шуш нафас мегиранд, яъне шуш узви нафаскашист.
Ҳамаи узвҳои одами солим вазифаҳои худро дар як вақт ва бо ҳам мувофиқ иҷро мекунанд. Масалан, сурхрўда, меъдаю рўда узвҳои ҳозима ба ҳисоб мераванд, ки ҳазмкунии хўрокро таъмин менамоянд. Дил ва рагҳои хунгузар организмро бо хун ва гардиши хун таъмин мекунанд.
Тамоми организмро системаи асаб идора мекунад.
Системаи асаб аз майнаи сар, мағзи сутунмуҳра ва торҳои асаб иборат аст. Дар тамоми узвҳои бадан торҳои асаб ҷойгир буда, тавассути онҳо ба майнаи сар хабар ворид мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё