Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Захмӣ шудани пўст. Аввал онро бо оби тоза мешўянд.
Баъд ба захм маҳлули йод ё доруи дигар мемоланд, то ки бактерияҳо ба бадан ворид нашаванд.
Латхўрӣ. Ба пўсти осебдида латтаи бо оби хунук таркардаро мегузоранд.
Сўхтани пўст. Ба ҷойи сўхтаи пўст миқдори зиёди оби хунук рехта, сипас ба духтур бояд муроҷиат кард.
Шамолхўрии пўст. Пўсти рўй, гўшу бинӣ ҳангоми шамолхўрӣ дарҳол рангпарида (сафед) мешавад. Чунин ҷойҳоро бо латтаи дурушти хушк то сурх шудани пўст молиш медиҳанд.
Агар захми пўст, ҷойи сўхтагӣ ва шамолзадаи он калон бошад, бояд ба духтур муроҷиат кард.

БЕҲДОШТИ МЎЙ
Мўйи инсон ҳамеша дар ҳоли иваз шудан аст. Торҳои он мерезанд (албатта на якбора) ва боз аз нав мерўянд. Ҳисоб карда шудааст, ки дар як рўз аз 30 то 120 мўй аз ҷисми инсон мерезад. Мўйи одам ҳар рўз то 0,4 мм дароз ва баъди 7-8 ҳафта дар сар намоён мешавад.
Сабзиши мўй ба системаи асаб ва ғизо вобастагӣ дорад.
Мўй нигоҳубини доимиро талаб мекунад. Мўйро бояд ҳар ҳафта як маротиба бо собун ё шампун тоза шуст. Ҳар рўз мўйро бояд бо шонаи дандонаҳояш нарм шона кард.
Мўйи дарозро аз нўгаш ва мўйи кўтоҳро аз решааш шона мекунанд.

пешина
аз 80
навбатӣ