Бачаҳои чобуксавор

ЗАДУХӮРДИ АҶИБ
Кӣ гумон дошт, ки Моҳираи соҳибҷамол ба ҳамин хел ҳоли табоҳ меафтад? Ҳозир ӯро каси як бор дидагӣ шинохта наметавонист. Вай бо дастони чилбурпеч, бо мӯйҳои парешону пироҳани дарида дар курсӣ менишасту маҷоли чашм кушодан ва гап задан надошт. Ранги рӯяш коҳ барин канда буд. Шиканҷаи гӯшношунид ин гули тару тозаи баҳорро пажмурдаву помол карда буд.
Ду аҷинаи ваҳшӣ рӯ ба рӯяш менишасту ӯро истинтоқ мекард. Онҳо аз Моҳира талаб мекарданд, ки роҳи кор фармудани таппончаи лазерӣ ва рондани атомпланро фаҳмонад. Аз азобу машаққат чашмони Моҳира сиёҳӣ мезад, сараш чарх мезад, вале ба онҳо таслим намешуд, сир бой намедод.
Аз ин амали ӯ ваҳшиён бештар ба ғазаб омада, азобаш медоданд. Моҳира бо овози пасту ларзон гуфт:
— О, дастонамро кушоед, ҷаллодҳо! Ман андохтани таппончаро чӣ хел нишон медиҳам охир?
— Чӣ, – ниҳеб кард Қолабшоҳ. — Дастонатро кушоем? Таппончаро диҳем? Ва ту моро қир кунӣ?
Хобатро ба об гӯй! Ана ба ту!
... Дар ин вақт воқеае рӯй дод, ки агар медидед, бо чашмони худ бовар намекардед. Бигиз ногаҳ аз дасти вазир ҷудо шуда, дар ҳаво муаллақ давр гашту худ аз худ боло-поён шуда рост ба думғозаи даҳони худи ӯ даромада рафт. Вазир даҳони худро дошта бо даст қафои худро молида, рӯ-рӯйи толор мурғи посухта барин медавид, мисли маймун қад–қад мепарид ва бо тамоми овоз дод мегуфт:
— Вой, вой! Бигизро кашида гиред! Вой, вой!
Баданам сӯхт! Вой, вой! Устухонам сӯрох шуд!
Дар ин вақт анбӯре, ки дар болои миз меистод, худ аз худ якбора боло баромад, даҳонашро калон кушода рост шуд ва ба сӯйи Қолабшоҳ ба ҳаракат даромад. Қолабшоҳ бо ду даст чашму рӯйи худро пӯшида ақибнокӣ рафт-рафту ба девор такя карда монд. Аз тарсу ҳарос бадани ӯ шохи бед барин меларзид. Анбӯр ба ду тараф ҷунбида фурсат поиду нохост аз байни панҷаҳои шоҳ сар хаста гузашт ва бинии ӯро чунон тофт, ки аз чашмони чуқури Қолабшоҳ оташ парид.
— Вой, мурдам! Анбури лаънатиро гиред! Биниам адо! — фиғон мебардошт шоҳ ва поча мезад.
Дард аз ҷавшани ҷони ӯ гузашта, гӯё об мешуду зери пояш мерехт.
Калтакчаи серқирра ҳам ҳунар нишон дод. Вай пасту боло шуда, бо навбат он ду аҷинаро чунон кӯфт, ки онҳо ҷойи гурез наёфта, оҳу воҳкунон ба замин чалпак шуданд.
23 Ниҳеб – ҳайбат, тарс, бим.
24 Бигиз – дирафш, олоти нугтези дастадоре, ки бештар мӯзадӯзон барои сурох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё