Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Не, — гуфт хизматгор. — Ман саҳар ба кор омадам. Дар саҳни қаср каҷовае набуд.
Илҳом рафта тугмачаи дари хобгоҳи шоҳро пахш карда монд. Дере нагузашта аз он ҷо зани нимбараҳнаи фарбеҳу пакана берун омад ва пурсид, ки Илҳом чӣ мехоҳад.
— Ман бо шоҳ бояд ҳатман ва таъҷилӣ вохӯрам,
— гуфт Илҳом.
— Даромадан гиред. Вай ба қабул тайёр, — хабар дод зан бо дасташ дари дигари қасрро ишорат карда.
Илҳом даромада дид, ки ин хона ҳамон толори шабангист. Қолабшоҳ аллакай бовиқор ба тахташ нишаста буд. Вазир низ дар ҳамон ҷо буду бо мамнуният ба қадаҳҳо шароб мерехт.
— Ман ҳамроҳи худ – Моҳираро меҷӯям, — гуфт Илҳом. — Пагоҳ хезам…
Сухани ӯ ҳанӯз тамом нашуда, Қолабшоҳ хитоб кард:
— Вай рафт.
— Кай?
— Шабона.
— Куҷо рафт?
— Намедонам.
Ин дам вазир ба гап ҳамроҳ шуда, сухани Қолабшоҳро эзоҳ дод:
— Ба мо гуфт, ки бо ту дигар ҳамсафар будан намехоҳад.
— Кӣ? Моҳира?
— Ҳа, ҳамон ойимчаи хушрӯ.
— Куҷо рафт? — чизе нафаҳмида, боз пурсид Илҳом.
— Намедонам. Ба аробаи зиреҳпӯши худ савор шуда, аз шаҳр баромада рафт.
— Аҷабо! — гуфт Илҳом, дасту по гум карда. — Акнун ман чӣ кор кунам?
— Аз куҷое, ки омадӣ, ба ҳамон ҷо рав! — дӯғ зад шоҳ. — Мо ягон талаби туро ба ҷо намеорем!
Ту бояд сайёраи моро зуд тарк кунӣ.
— Кай боз ин сайёра аз они шумо шудааст? — бо тамасхур пурсид Илҳом.
— Инаш кори ту не! — гуфт вазир ва илова кард:
— Агар ба хубӣ дафъ нашавӣ, аз худат гила кун.
Илҳом дид, ки дӯғи онҳо баланду дастонашон боло, ба курсии калону такядор рафта нишаст, дастонашро рӯйи дил чиллик намуд, пойҳояшро болои ҳам гузошт ва паст наомада, гуфт:
— Талабҳои маро то иҷро накунед ва Моҳираро то ёфта надиҳед, ман аз ин толор берун намебароям. Ҳеҷ мумкин нест, ки вай маро монда равад. Бовар намекунам, ки атомпланро ӯ гирифта бошад.

пешина
аз 50
навбатӣ