Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Раҳмат! Бас! — гуфт Моҳира, мизбононро даъваткунон. — Биёед, ҳамроҳи мо нишинед. Аз шумо бисёр масъалаҳоро бояд дониста гирем.
Сиёҳаку Заррина чун бачаякони қобилу гапдаро зуд омада, ба назди онҳо нишастанд.
Аз дур гумон мекардед, ки Моҳираю Илҳом хӯрок хӯрда нишастаанду рӯ ба рӯйи худ ду лухтаки калону либосдори нағзакакеро ниҳодаанд.
— Афсӯс, инҷо нӯшокие набудааст, — изҳор кард Илҳом, бо барги анҷир лабу ангуштонашро пок карда истода.
— Чаро набудааст? Ҳаст! — гуфт Заррина.
Вай давида хеста ба танаи дарахте, ки секвоя барин бепӯстлох буд, мехи чӯбине хаст ва косаи сафолро зери он дошта, мехро кашид. Аз сӯрохи дарахт ба коса шаррос зада моеи сафеду кафколуде рехт, ки дастбаҳол қимизи сайёраи моро ба хотир меовард.
Шарбати мағзи дарахтро ҳама бо навбат мазакунон хӯрданд. Он басо ташнашикан будааст ва таъми нордон доштааст. Моҳира лабонашро бо забон лесида гуфт:
— Раҳмат, Заррина! Шарбат нею қиём будааст.
Хош, фаҳмидем, ки Сиёҳак ҳайкалтарош, аммо дар шаҳр ту ба кадом ҳунар машғул будӣ, Заррина?
— Ман Сиёҳак барин ҳунарманд не, ҳеҷ чиз сохта наметавонам, — Заррина шарм дошта, чашм ба замин дӯхт.
— Дар ивазаш, — хабар дод Сиёҳак, — Зарринаи ман ҳофизи хушовоз аст.
— Рост? – пурсид Илҳом.
— Бале, — гуфт Сиёҳак. — Маҳз ҳамин истеъдоди ӯ диққати Қолабшоҳро ҷалб карда буд. Мехост, ки барои вай шабҳо танҳо Заррина суруд хонад.
— Мурам ҳам, барои Қолабшоҳ суруд намехонам! — бо қаҳр рӯй тофт Заррина.
— Барои мо чӣ? — пурсид Моҳира.
— Ба шумо мумкин, — гуфт Заррина, хандида.
— Илтимос, хон. Мо ба санъати чобукиҳо шинос шудан мехоҳем, — хоҳиш кард Илҳом.
— Заррина, — муроҷиат кард Сиёҳак, — ба меҳмонҳо суруди дар ҳаҷви Қолабшоҳ эҷодкардаатро хон. Ба ман ниҳоят маъқул шудааст.
— Не, аввал «Замини мо»-ро мехонем, — таклифи ӯро рад кард Заррина.
— Ба поён, рӯйи алаф фуроем-чӣ? — гуфт Илҳом.
— Метарсам, ки ин каҷоваи ларзонак дарида наравад.

14 Қимиз – як навъ нӯшокие, ки аз шири байтал ва ё шири шутур тайёр мекунанд.
15 Нордон – шири туршмаза.

пешина
аз 50
навбатӣ