Бачаҳои чобуксавор

Сиёҳак ба хашму ғазаб меояд.
Дар охир ба ҷуз фирор чораи созгоре наёфта, шабона ҳар ду булдогҳои савораро аз тавилаи Корвонбошӣ мекушоянд ва пинҳонӣ роҳи дараро пеш мегиранд. Бо азобу машаққати зиёд ба кӯҳ мебароянд, ба водии хилвати қафои кӯҳ мегузаранд. Баъд лаб-лаби наҳр поён рафта, дар ин ҷангали бекас паноҳ меҷӯянд.
— Ҳамин тариқ, ҳоло се моҳ аст, ки мо дар ҳамин ҷангал умр ба сар мебарем, — гуфт Сиёҳак, нақли саргузашташонро мухтасар карда.
— Падарам ҳамроҳи мо омадан нахост, — гиря кард Заррина. — Он касро Қолабшоҳ аз ду сар куштагист... Вой падари беозораме!
— Не-йе! — шубҳа кард Моҳира. — Шумо гурезед, гуноҳи вай чист?
— Бо Қолабшоҳ шӯхӣ кардан мумкин нест, — гуфт Сиёҳак, оҳи сард аз дили пурдард кашида. — Вай золим ба мо ҳам ҳукми қатл эълон кардааст ва ҳанӯз моро таъқиб мекунаду мекобад.
— Яроқи онҳо чӣ хел? — пурсид Илҳом.
— Як асбоби оҳанини милборик, оташ мекушояду ҳарифро ҷо ба ҷо мекушад, — гуфт Сиёҳак.
— Автомати муқаррарии дастӣ будааст-дия, — хулоса баровард ва илова кард.
12 Тавила – оғил, аспхона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё