Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баъд аз ин парвонасон роҳи вафо гирем пеш,
Тарки ҷон дар роҳи ҷонон бесадо хоҳем кард.
Даст бар домони тақво, дида бар рухсори ёр,
Ишқро аз ҳисси ҳайвонӣ ҷудо хоҳем кард.
Жола, мо бар оташи дил гар фишонем ашки шавқ,
Дидаро аз ин гуҳарҳо пурбаҳо хоҳем кард.
ГАВҲАРИ НОЁБ
Дӯст медорам шабонгаҳ партави Маҳтобро,
Нолаҳои мурғи бедил, нолаҳои обро.
Бо диле маҳзун нишинам дар канори соҳиле,
Бар рухи амвоҷ бинам ҷилваи Маҳтобро.
Дар парешонӣ намоям бо сабо розу ниёз,
Бозгӯям қиссаи бемеҳрии аҳбобро.
Ахтаре тобон шавад бар дидаи пургавҳарам,
Нури уммеде бибахшад ин дили бетобро.
Рӯзгори рафтаам як хоби ширин беш нест,
Дида бандам, то бибинам бори дигар хобро.
Орзу оби хурӯшон, зиндагӣ баҳре амиқ,
Соҳили ором хоҳӣ тарк кун гирдобро.
Ман зи танҳоӣ нанолам, хуш бувад лаззоти умр,
Фориғ аз мардум шудан як сӯ задан одобро.
Як дили дурдона дорам, Жола, пурмеҳру вафо,
Биспурам дасти кӣ ман ин гавҳари ноёбро?
ЧАШМАҲОИ НУР
Дӯш дидам ҷилвае, якбора дигаргун шудам,
Маст гаштам, маҳв гаштам, волаву мафтун шудам.
Дидам аз нури рухаш чашмам намебинад дигар,
Дида бастам, фориғ аз оломи дигаргун шудам.
Хотирам осуда шуд аз ҷумла ғамҳои ҷаҳон,
Роҳат аз найрангу ранги чархи бӯқламун шудам.
Орзуҳо як тараф, озурдагиҳо як тараф,
Дарду ғам ин ҷо, дил он ҷо, ман зи худ берун шудам.
Он қадар парвоз кардам з-осмонҳои баланд,
То ки хориҷ аз мадор гунбади гардун шудам.
Чашмаҳои нур дидам пои хирманҳои гул,
З-он ҳама осори зебо волаву Маҷнун шудам.

пешина
аз 263
навбатӣ