ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Он шаб, эй ҷони дил, ба соҳили рӯд,
Ёд дорӣ, шафақ чӣ зебо буд?
Оташин буд синаи гардун,
Меҳр сӯзанда чун дили мо буд.
Абрҳо сурху осмон обӣ,
Зар пароканда рӯйи мино буд.
Ёд дорӣ, чӣ гуна чеҳраи Моҳ,
Рӯйи амвоҷи об пайдо буд?
Ахтаре ранграфта дар паси абр,
Гоҳ пинҳону гаҳ ҳувайдо буд.
Маҳ дар оғӯши об меларзид,
Гӯӣ аз шавқ то шикебо буд.
Ёд дорӣ, зи шавқи дидорат,
Чӣ қадар Жола шоду шайдо буд?
СОҲИЛИ КОРУН
Ёди он рӯз, ки дар соҳили Корун будем,
Ҳарду аз ишқу тараб волаву Маҷнун будем.
Зери ҳар нахл, ки зеботару хуррамтар буд,
Менишастему хуш аз бахти ҳумоюн будем.
Обҳо мавҷзанон сӯйи уфуқ мерафтанд,
Мо ҳам аз хоки пур аз машғала берун будем.
Нури Хуршед чу бар чеҳраи мо метобид,
Ҳарду аз шавқу тараб хурраму гулгун будем.
Ёди он дам, ки зи овои хуши маллоҳон,
Маҳви асрори ҷаҳон, волаву мафтун будем.
Ҳамчу мурғони ҳаво хотири мо буд озод,
Роҳат аз дарду ғами гунбади гардун будем.
Жолаи дилшуда то зинда бувад, мегӯяд:
Ёди он рӯз, ки дар соҳили Корун будем
КОРУН
Расида пои нахлистон зи як сӯ то лаби Корун,
Бувад сӯйи дигар соҳил пур аз ашҷори гуногун.
Ҳама сабзу ҳама хуррам, ҳама худрӯ, ҳама хушрӯ,
Гули ваҳшӣ, гиёҳи хуш, яке дилкаш, яке маҳзун.
Кушояд мурғи симинпар ба рӯйи об боли худ,
Шавад чун қоиқи кӯчак, кунад бинандаро мафтун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё