ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ин замон бар дили худ дарди фаровон дорам,
Оҳ, аз ин оташи сӯзанда, ки бар ҷон дорам.
Рӯзгорест, ки бо меҳнату ғам ёр шудам,
Навгуле будаму дар боғи ҷаҳон хор шудам,
Ошиқи ёри парирӯйи ҷафокор шудам,
Чӣ қадар зуд бад-ин дом гирифтор шудам.
Хуб шуд, ин дили девона парешон гардид,
Хуб шуд, хун шуду аз карда пушаймон гардид.
Ҷилвае кард фалак ашки шафақ гулгун шуд,
Дили шӯридаи ман низ зи ҳасрат хун шуд,
Давр зад гунбади гардандаву дигаргун шуд,
Ахтари бахти мани зор, надонам, чун шуд?
Дар паси абри сияҳ рӯйи фурӯзон пӯшид,
Рӯйи худ аз мани шӯридаи ҳайрон пӯшид.
Ғами ҳиҷрони ту беҳуда диҳад озорам,
Ки мани дилшуда худ бо ғаму меҳнат ёрам,
Бирав аз пеши назар, эй маҳи хушрафторам,
То наафтад ба ту ин дидаи гавҳарборам.
Тарсам аз шавқи ту якбора бипошад ашкам,
Дили чун барги гулатро бихарошад ашкам.
Бояд, эй роҳати ҷон, ишқи ту хомӯш шавад,
Бояд ин хотираи пок фаромӯш шавад,
Жола, бо зиндагии талх ҳамоғӯш шавад,
Маҳви асрори ҷаҳон гардаду мадҳуш шавад.
Ишқи беҳосили ман чора ба ҷуз марг надошт,
Гулбуни орзуям ғунчаву гулбарг надошт.
РОЗУ НИЁЗ БО МОҲ
Ту, эй Моҳ, бар ҳоли зорам гувоҳӣ,
Ту медонӣ, имшаб чӣ сон беқарорам.
Аз он қасри нилӣ барафкан нигоҳе,
Нигоҳе бар ин дидаи ашкборам.
Бибин имшаб, эй Маҳ, чӣ пурранҷу дардам,
Бибин, ашки сурхам, бибин, рӯйи зардам.
Ту, эй Моҳ, эй машъали осмонӣ,
Бияфкан ба ин қалби дайҷур нуре.
Биё, имшаб, эй мазҳари шодмонӣ,
Бибахшой бар қалби зорам суруре.
Бизан ханда бар гиряи дарднокам,
Бибин рӯйи худро ту дар ашки покам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё