Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кунонам, ки вазири кабир барои халқу давлат хеле зарур аст. Аммо ӯро бовар кунонида натавонистам, ӯ худро яке аз узви пайвастаи равияи Исмоилия мешуморид. Аз бародархондагии худ истифода бурда, ӯ бисёр хоҳиш дошт, ки маро аз равияи дини худ гардонад. Ман ки дар равияи қаландарӣ ва Абу Саид хеле мустаҳкам будам, дигар ягон раванди иртиҷоиро намепарастидам, ҳол он ки раванди хислати маҳаллӣ ва хунрезӣ доштаро, ки ба муносибати фардии ман ба Худованд зид аст. Аммо ман ҷавоби саркашона додам. Талаботи дастгоҳ чунин буд, ки оиди сухан гуфтан ба атрофиёни шоҳ ва умуман дар дарбор бояд эҳтиёткорӣ кард, чунки дар дарбор олимону донишмандони бузург, аз он ҷумла аз Хуросон ҳам омада буданд.

Дар байни онҳо бузургтарин донишманд, ки ман вазифадорам ӯро ба ёд биорам, Абу Ҳалида ал Ғазолист, ки аз ман 10 сол хурд буд. Вай одами қобилияти аз ҳад баланддошта буд. Аммо танқиди ҷаҳонбинии устодонаш, ки бо қаҳру ғазаб ва нигоҳи нобоварӣ дошт, каме маро хавотир мекард. Ӯ таълимоти онҳоро тасаввури кӯркурона ва фиребгарии маҳз медонист. Аммо рафтори ҷиддии ӯ ба тадқиқоти расадхонаи мо диққати маро ҷалб карда буд.

Рӯзе, ҳангоме ки қисми зиёди асбобҳои ситорашиносии мо ба кор шурӯъ карда буданд, ӯ ба таҳқиқгоҳи мо ворид шуда, аз ман оиди фаъолияти пурраи расадхона пурсон кард. Ман низ бо пургӯии зиёд моҳияти ситорашиносиро барои инсоният ба ӯ фаҳмонда додам. Баъди чанде фаҳмидам, ки ӯ калобаи суханро гум карда, хоҳиши баромада рафтан дорад. Дар ҳамин ҳолат, овози азони даъвати намози пешин шуд. Ва Ғазолӣ инро шунида чунин гуфт: - «Хайрият, ки ҳақиқат омад ва дурӯғ поён фаромад».

Баъди ин суханҳо ӯ дар хайрбод чизе гуфта, аз расадхона берун баромад.
Аммо ба ман нақл мекарданд, ки ӯ нисбат ба асарҳои устод Абӯалӣ ибни Сино низ эътироз доштааст. Ман солҳои 470 тадқиқотҳои илмиро як тараф гузошта, барои исботи ҳақиқати устод Сино мақсад гузоштам, асари бузурги ӯ «Хутба»-ро барои мардуми Исфаҳон аз забони арабӣ ба забони форсӣ тарҷума намоям, ки форсизабон буданд. Ин асарро ман тарҷума кардам ва аксари олимони форсидон онро мутолиа карданд ва баҳои баланд низ доданд, ки яке аз онҳо қозиёни яке аз вилоятҳои Форс Абӯ Наср ан-Насавӣ буд, ки бо миннатдории зиёд ба ман чунин мактуб навишт:

«Эй шамоли Шарқ, агар ту шартномаи моро риоя намоӣ, ҷаҳониёнро аз донишмандтарин ал-Хайём хабар деҳ.

Тақвимкунон дар пеши пои ӯ Заминро бибӯс, ва онҳоеро ки хирадмандиро мепарастанд, даъват намо.

Вай хирадмандест, ки бо оби зинда устухони пӯсидаро зинда мегардонад.
Ӯ аз фалсаваи зиндагӣ ва ӯҳдадориҳои мо дар назди Парвардигор меомӯзад, ки дар натиҷа тадқиқоташ дигар ба саволи иловагӣ зарурат надорад».

Дар замоне, ки ман дар Бухоро будам, Имом ан-Насавӣ, ки асосан аз Турон аст, аз Самарқанд ба Шероз омад ва бо дастури қози Абӯ Тоҳир хоҳиши вохӯрӣ бо ман доштааст. Инро ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, чунки дар ҳамон давра ман пурра ба омӯзиши таълимоти устод Сино машғул будам.
Ба назди ман шахсе даромад, ки «подшоҳи донишмандон»-ро аз наздик мешинохт. Ҳамон вақт дар назари ман ан-Насавӣ марди калонсоли инкишофёфта менамуд. Аз мактуби ӯ ман дарк кардам, ки мехоҳад ман фаҳмиши фалсафии худро оид ба рафтори инсонӣ ва ҳақиқатпарастии устод Абӯалӣ ибни Сино баён созам. Дар ин замон дар расадхонаи мо низ корҳо хуб рафта истода буданд. Барои ман вақти холигӣ низ пайдо гашт. Аммо кори ситорашиносӣ бевосита ба ҳандаса вобастагӣ дошт ва ман ба тадқиқоти дурусти таълимоти Эвклид, ки асосан мо аз рӯи он фаъолият доштем, мехостам чуқуртар сарфаҳм равам. Дар андешаи он будам, ки ду хатти мувозӣ дар фазои ҳаво, ки боз курашакл мешаванд, чӣ тавр якдигарро намебуранд. Предмети тадқиқоти мувозӣ дар доираи Осмон буд. Аммо вақте ки ман мактуби ан-Насавиро гирифтам, муҳимияти супоришро дарк карда, ҳандасаро як тараф гузошта, ба омӯзиши фалсафа шурӯъ кардам.

Оид ба масоили зиндагӣ ва қарзи хештаншиносӣ ман хеле кӯтоҳ навиштам.
Ин камбудиро ман вақте фаҳмидам, ки нусхаи худамро хондам. Аммо аллакай нусха ба итмом равона шуда буд. Ин ҳолат маро маҷбур намуд, ки рисолаи худро оид ба мавҷуд будани зиддият дар ҷаҳони мо, муайянӣ ва доимияти мавҷуд будани Худованд, ки ҳаққи инро мурдаҳо аз мо хубтар медонанд, тағйир диҳам.
Оид ба пурқувватии ин фикри худ ман он қадар диққат надодам, аммо аз рӯи муносибати ан-Насавӣ ман дарк кардам, ки ин тадқиқот ба ӯ хуш омад ва барои обрӯ ва бехатарии ман дар оянда кӯмак расонид.

пешина
аз 463
навбатӣ