Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳавобаландию ғуруру таърифу бадкирдорӣ дур бошад. Ҷавонмардию қавииродагӣ дар тамоми умр шарти муҳими хештаншиносии роҳбарӣ буда, ӯро ба зинаи баланди сарварӣ мерасонад. Маҳз, чунин сарвар метавонад боварии калонро соҳиб гашта, дили тозаи ӯро касе ва ҳолате аз ҳақиқат берун оварда наметавонад. Ба хотири хешу табор, зану фарзанд ва қавму қабила агар аз ҳақиқат лаҳзае дур шаваду ноҷавонмардӣ пеша кунад, аллакай дар сарварии ӯ нуқсон пайдо гашта, оқибат ӯро нобуд месозад. Иҷрои бечунучарои қонун ва ҷазо барои риоя накардани он барои ҳамаи аъзоёни коллектив ва ҷомеа бояд якхела буда, як заррае хотирбинӣ набояд вуҷуд дошта бошад, чунки аллакай ин ба адолату ростқавлии Шумо ва сарвариатон чӣ дар муҳити дохилаи менеҷмент ва чӣ дар муҳити берунаи миллӣ ва байналхалқӣ зиён мерасонад.

Оид ба ҷараён ва нерӯи ташаккули хештаншиносии роҳбарӣ мо дар боби оянда гуфта мегузарем.

51.6. Гуфтор андар зиндагиномаи мардони хештаншинос

Исфаҳон дар замони Низомулмулк.1

Корвони мо ба тарафи ғарб ҳаракат намуда, марзи ҷанубии биёбони шӯразори мурдаро гузашт. Ба назар чунин мерасид, ки дар ин мавзеъ, умуман, зиндагӣ вуҷуд надорад. Аммо дар асл ин хел набуд. Ба чашми тезбин маълум мегашт, ки дар ин шӯразор нишона ва аломатҳои зиндагӣ мавҷуданд. Калтакелос ва морҳои зард аз ҷарангози корвон бо тарсу ҳарос афтода, худро ба болои сангҳои тафсон гирифта, бо назари ҳайрат ба мо менигаристанд.

Дар хаёли ман бошад, он маълумотҳо ва китобҳое ки дар бораи Исфаҳон медонистам, давр зада, ба ёд меовардам, ки аз рӯи баъзе гуфтаҳо ин шаҳри қадимаи Аспадан мебошад, ки иудейҳо, то замоне, ки онҳо халқи Худованди Оллоҳ буданд ва онҳоро барои худобовариашон Наводуносор таҳқир карда буд. Боз менависанд, ки баъди он ки иудейҳо ба Ханаан баргаштанд, ин шаҳрро

1 Омар Хайям Сад истин. М. 2007. с.251 – 300. Аз русӣ мазмунан тарҷуман Ғ.Т.

пешина
аз 463
навбатӣ