Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Оиди хираду хирадмандӣ, мо қисми 4-уми китобамонро пурра бахшидаем ва боварӣ дорем, ки хонандаи азиз бо мутолиаи ин китоб паҳлӯҳои гуногуни онро пайдо ва аз худ менамояд. Дар ин нуқта боз таъкид карданием, ки бо истифода аз усули хирадмандӣ, сарвар дар дили зердастони худ роҳ ёфта, онҳоро бе монеагии зиёд аз қафои худ бурда, зина ба зина ба қуллаҳои хештаншиносии роҳбарӣ мерасонад, ки онҳо низ дар оянда роҳбар шуда, чунин рафторро пеша менамоянд. Инчунин, дар назар аст, ки сарвари хирадманд вазифаи устодиро ба худ гирифта, зердастонро ҳамчун шогирд тарбия намуда, доимо дар кӯмаки онҳо мебошад. Бо муомилаи ҳалимонаю дӯстона дили онҳоро ба навобариҳо ва муваффақиятҳои илмии хеш гарм намуда, бовариро соҳиб мегардад. Агар хато ва ё мушкилие пеш ояд, саросема нашуда, зуд аз паи иҷрои он гашта, доимо дар роҳи дуруст қадами устувор мегузорад. Дар ин ҳолат сарвари хештаншинос гуноҳро ба касе ҳавола ва ё баҳонаҷӯӣ накарда, зуд аз паи ислоҳи он мегардад, чуноне ки дар замони худ Луқмони Ҳаким карда буданд:
Ривоят мекунанд, ки Луқмони Ҳаким дар замони худ подшоҳӣ мекард ва агар касе гуноҳе содир мекард ва ё сухани ноҷое мегуфт, ҳеҷ гоҳ асабонӣ нашуда ва ё сухани сахт нагуфта, фақат таъкид мекарданд: «Одамон вақте, ки чунин рафтор мекунанд, дар бораи чӣ фикр мекарда бошанд?». Худ бошад дар суханро чунон ҳалимона ва меҳрубонона ва кӯтоҳу оҳиста мегуфтанд, ки шунаванда ҳатто имкони азёд кардани онро пайдо мекард. Дар вақти дастури даҳони бошад Луқмон ба иҷрокунанда то се маротиба фикрро такрор карда, дар охир мепурсиданд, ки оё мақсадро дуруст фаҳмидаанд ва ё не?
Нуқтаи дигарро низ бояд таъкид сохт, ки пуррагии мақсад, қисм ба қисм бо тарзу усули фаҳмо ва қабулшаванда, ба иҷрокунанда ва ё зердастон фаҳмонда додани мақсаду маром ва тарзу усули иҷрои қарор низ нишонаи фарқкунандаи сарвари хештаншинос буда, то иҷро ва натиҷагирии қарор назорати онро бояд дошта бошанд. Натиҷаро низ дуруст, ҳақ ва сари вақт баҳо додан давоми фаъолияти қарори сарварӣ мебошад.
Сарвари хештаншинос ҳеҷ гоҳ аз муваффақиятҳо сархуш нашуда,
худтаърифкуниро намепарастад. Худтаърифкунӣ ин як навъ худнобудсозӣ
мебошад, чунки ин рафтор ба дили инсон ба зудӣ ҷой ёфта, дар ӯ хоҳиши доимо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё