Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд гуфт, ки ҳар як фаъолияти инсонӣ, махсусан, сарварӣ ҷавобу саволи худро дорад. Аз ин ҷо, сарвари хештаншинос ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки рӯзе барои фиребгарӣ ӯро маҳкум намоянд. Аслан, вақте сарвар ба ин зинаи баланди хештаншиносӣ мерасад, рафторҳои ношоям аз ӯ хеле поён монда, дур мегарданд.

Аз тарафи дигар, ин гуна сарварон ба касе ҳасадхӯр нестанд ва ба муваффақияти дигарон ҳамроҳ буда, ҳар як касро кӯмаку дастгирӣ менамоянд, чунки дар як дил ҳам дӯстдорию ҳам ҳасадхӯрӣ ҷой дошта наметавонад.

Дар ҳадиси пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфта мешавад, ки ҳатто Худованд ашхосеро, ки шабу рӯз тоату ибодат менамоянд, аммо дар дил ҳасадхӯрӣ доранд, аз сояи худ дур месозад. Аз ин бармеояд, ки бо якдигар бахилу ҳасадхӯр набудан ва дӯстдори якдигар будан раванде мебошад, ки сарварро ба қуллаҳои баланди хештаншиносӣ бурда мерасонад.

Гуфтан метавон, ки сарвари хештаншинос монандӣ санги аҳром буда, хатари афтидан ӯро таҳдид надорад, яъне дигар сарварони бузург ва ҷомеа ӯро дастгирӣ намуда, нигоҳ медоранд. Бинобар ин, доимо муносибати мустаҳками дӯстдорӣ доштан ба ҷомеа ва атрофиёну кормандон бояд раванди асосии фаъолияти сарвари хештаншинос гардад, то сарвар дар навбати хеш тавонад ҷомеаро аз қафои худ ба роҳи ҳақ ҳидоят намояд.

Ҳақиқатҷӯй ва ростқавлӣ дар рафтори сарварӣ этикети расмии хештаншиносии роҳбарӣ буда, дилсӯзию меҳрубонӣ ҳар лаҳза рӯҳу тани сарварро бояд фаро гирифта, ҳамчун қарзи абадии рафтори ӯ гардад. Аз ин ҷо, маълум мегардад, ки дилсӯзию меҳрубонии ҳақиқии сарвар ба ӯ хислат гашта, ба муҳит гармӣ ва рӯшнонии доимии офтобӣ медиҳад, ки нерӯяш то вақте замину осмон вуҷуд дорад, боқӣ мемонад. Бояд гуфт, ки ин вазифаи муқаддаси сарварӣ масъулияти хеле баланд дошта, ҳар як сарвари хештаншинос уҳдадор аст, ки нисбат ба корманд, халқу миллат, падару модар, зану фарзанд дилсӯзу меҳрубон ва масъулиятпараст бошад. Аз ин хотир, ӯ барои ҳар як уҳдадории гирифтаи хеш вазифадор ва ба қавли хеш устувор буда, онро сарбаландона иҷро намояд. Дар қавли устувор будан раванди дигари хештаншиносӣ буда, иҷрои он бояд одати ҳаррӯзаи фаъолияти сарварӣ бигардад. Пеш аз он, ки ӯ ваъдаи иҷрои кор ва ё фаъолият менамояд, ҳаматарафа андеша ва масъаларо ҳаматарафа санҷида,

пешина
аз 463
навбатӣ