Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Маҳз, тавассути ин ҳидоятҳои нек Худо хоҳад, Шумо ба мақсаду мароми хеш мерасед. Он муттафаккирони бузурги миллати тоҷик, ки мо дар китобамон овардаем, аз ҷумлаи шахсиятҳои бузурги таърихие мебошанд, ки дар олами инсонӣ мақому мартабаи баландро соҳиб гашта, номи некашон ҳазорсолаҳо боз зинда аст ва ҳеҷ гоҳ намемиранд.

Аз омӯзишу мутолиаи китобҳои муқаддас, асарҳои бузургон ва гуфтаҳои дигари илмӣ бармеояд, ки нишонаҳои дигари хештаншиносии роҳбарӣ дар муносибат ба ҷомеа фаъол будан ва иҷрои бечунучарои он вазифаҳое мебошад, ки ба ӯ ҳамчун роҳбар бовар карда месупоранд. Сарвари хештаншинос вазифадор мебошад, ки мақоми хешро пурра иҷро намуда, доимо дар муносибати баланди сарварӣ қарор гирад. Канораҷӯӣ кардан ва бетарафӣ нишонаи дур будани роҳбар аз хештаншиносӣ ҳисоб меёбад. Роҳбари хештаншинос доимо дар талошу ҷустуҷӯи шакл ва сарчашмаҳои навини муносибатҳои сарварӣ буда, барои худ бояд нишонаҳои некро ёфта гирад.

Ҳақиқатпарастӣ ва ростӣ дар муносибат ба зердастон ва атрофиёни хеш нишонаи дигари хештаншиносии сарварӣ буда, дӯстдорӣ ва эҳтироми инсоният одати доимии ӯ бояд қарор гирад. Муносибатҳои баланди эҳтироми якдигарӣ ва бадию кинаҷӯӣ накардан ба дигарон, шарм доштан ва ҳалим буданро нигоҳ доштани сарвар аз шартҳои асосӣ ба шумор меравад.

Бузургдилӣ ва бахшида тавонистани зердастон ва шахсони хато содиркарда низ нишони хештаншиносии сарварӣ буда, ба дигарон ҳавола кардани гуноҳҳо ва ё туҳмату иғвогариро намепарастанд. Аз тарафи дигар, роҳбари хештаншинос сирри роҳбариро нигоҳ дошта, касеро дар набудаш ғайбат накарда, бахшоянда мебошад. Ӯ доимо хирадмандию бузургиро интихоб намуда, худнамоӣ ва ҳавобаландиро намепарастад. Барои кори нек мукофот дода, дар рӯзҳои шодию ғами мардум ҳамроҳ мебошад. Доимо дар муносибат ба одамон пуртоқат буда, кина дар дил надорад ва дар иҷрои корҳо пурра беғаразиро нигоҳ медорад.
Инчунин, аз мушкилиҳо наҳаросида, шуҷоатмандию серғайратӣ кардан, аз нишонаҳои хоси сарвари хештаншинос ба ҳисоб рафта, дастгири кору фаъолияти бузург мебошад.

Муносибати баланди хештаншиносӣ доштан ба волидайн, оила, зану
фарзанд ва хешу ҳамсояҳо яке нишонаҳои дигари сарварӣ буда, ӯ худро дар

пешина
аз 463
навбатӣ