Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

нишонаи ибрат гардида, бо номи неки хеш ҳазорҳо насл зинда бимонад. Дар ҳақиқат, - кормандон сарвареро, ки дар касбу кори худ донишманду ҳақпараст мебошад, дӯст медоранд.

Дӯстдории ботинии касби хеш, донишмандӣ ва эҳтироми касб нишонаи дигари хештаншиносии сарварӣ мебошад. Ӯ бояд паҳлӯҳои гуногуни касби хеш, фалсафаи пайдоиш ва амали он, инчунин, меъёрҳои рӯҳӣ ва талаботҳои динию мазҳабӣ, забонӣ, этникию иҷтимоию иқтисодӣ ва табиию географии онро пурра аз худ намояд.

Сарвари хештаншинос доимо баҳри инкишофи касбии хеш ва овардани манфиат ба ҷамоат аз фаъолияти худ талош намуда, онро пайваста ривоҷу равнақ дода, пурбарор мегардонад. Маҳз, вобаста аз чунин фаъолият сарвар доимо ва дар ҳама давру замон мӯътабару соҳибэҳтиром монда, кору фаъолияти ӯ ҳамчун намунаи ибрати наслҳои оянда мегардад. Чунин бузургӣ ба аксари сарварони гузаштаи миллати тоҷик хос мебошад, ки мо онро дар бобҳои 43 ва 44-уми китобамон пурра овардаем.

Зиндагиномаи сарварони бузурги таърихӣ гувоҳи он мебошад, ки инкишофи рӯҳию ҷисмонии сарвар низ, нишонаи хештаншиносии ӯ буда, ҳисси дилдории меҳрубонӣ имкон медиҳад, ки ба оламу одам бо чашми неку меҳру муҳаббати баланди илоҳӣ назар дошта, доимо дар талоши солимии ҷисму ақл бошад. Чунин сарвар аз ҳар гуна тарсу ҳароси носолим эмин буда, пурсабру тоқат мебошад. Тарси чунин сарвар фақат аз қудрати илоҳӣ буда, доимо кӯшиш ба он менамояд, ки аз назари ҷомеа дур набошад ва аз кори носавоб ва хатоию гуноҳ эмин бошад. Пайваста тоату ибодат намуда, тану рӯҳи худро тозаю озода нигоҳ медорад. Чунин як рафтори хештаншиносӣ бояд одати доимии сарвар бигардад, то лаҳзае рафтори роҳбарӣ аз ҳақиқат дур нашавад ва ӯ бехабар аз худ намонад.

Ба чунин як фаъолияти хештаншиносӣ сарвар ӯҳдадор аст, ки бевосита
атрофиён ва зердастони худро низ даъват намуда, худ пешво бошад. Пайваста
мулоқот доштан бо донишмандон ва кӯмаки беғаразона расонидан ба атрофиён,
нотавону дармондагон, нишонаи хоси хештаншиносии сарварӣ ба ҳисоб рафта,
роҳи асосии тарбияи ахлоқии кормандон, оила ва ҷамъият мебошад. Дар натиҷаи
сӯҳбатҳо, супоришҳо ва фармону қарорҳои сарварӣ оид ба роҳнамоӣ ба кори хайри

пешина
аз 463
навбатӣ