Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Сарвари хештаншинос донишро ҳамчун ӯҳдадорӣ ва ҳам арзишмандии роҳбар ҳисоб намуда, боварӣ дорад, ки шуурро ба донишомузӣ ва истифодаи дониш равона сохтан ягона роҳи ба ҳақиқатшиносӣ расидан мебошад. Бинобар ин, роҳбар то вақте ҷон дар бадан дорад ва ҳаракат карда метавонад, бояд биомӯзад ва қувваи рӯҳу тани хешро ба азхудкунии илму маърифат равона созад. Маҳз, сарвари хирадманд метавонад, ки ба хештаншиносӣ бирасад ва боқувват бошаду муаммоҳои сарвариро сарбаландона ҳал намояд. Дар байни миллати тоҷик гуфторе ҳаст, ки «Фақат донишманд худотарс мебошад», яъне мо агар ба дониш таваҷҷӯҳи баланд зоҳир намоем, он гоҳ аз аксари корҳои ношоям даст кашида, роҳи ҳақиқатро пеша мегирем. Ҳақиқати донишомузӣ он аст, ки сарвар бояд пайваста дар ин ганҷинаи ақлонӣ қарор дошта, фаҳмиши худро баланд бардорад ва рӯз аз рӯз донишаш зам шуда то ба зинаи хештаншиносӣ расад ва он самаранок барои даъвати дигарон истифода карда шавад. Ҳамон лаҳза, ки мо аз омӯзиш мемонем, аз фикрронӣ ва инкишоф низ монда, дар натиҷа аз хештаншиносӣ дур гаштан мегирем. Бинобар ин, дар хештаншиносии роҳбарӣ таъкид карда мешавад, ки касе дониш дорад, ҳеҷ гоҳ омӯхтанро бояд тарк накунад.

Ривоят мекунанд, ки файласуфи бузурги тоҷик Умари Хайём лаҳзаҳои охирини ҳаёти худро аз сар мегузаронид. Аз шогирде илтимос намуд, ки як кадом китоби нав иншошударо аз китобхонаи Бухоро ба ӯ биёранд. Шогирд дар ҳайрат монда пурсон мешавад: Устод, дар ин лаҳзаҳои охирин барои Шумо донистани мазмуни он китоб чӣ зарурате дорад? Хайём як табассуми пурмеҳр намуда, мегӯянд: Чӣ, Шумо мехоҳед, ки ман надониста аз дунё равам?

Сарвари хештаншинос доимо дар талоши дониш буда, зердастон ва атрофиёни хешро ба донишомӯзӣ ҳидоят менамояд. Аз ин хотир, сарвар бояд доно ва дар талоши донишмандӣ буда, ин рафтори худро ҳамчун роҳи асосии расидан ба хештаншиносӣ истифода намояд. Чун қоида дар пиндору кирдору гуфтори хеш чизи навинро пеша карда, доимо дар зинаи инкишоф қарор гирад. Бояд гуфт, ки инсон агар то охири умр талоши илму ҳунар дошта бошад ҳам, ин сарвати бебаҳо беохир буда, фақат дар инкишоф мебошад ва сарваре дониш дорад, ҳеҷ гоҳ набояд аз хондан боз монад, чуноне ки дар гуфтори Луқмон омадааст:

пешина
аз 463
навбатӣ