Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мо бошад дар ин нуқта таъкид бар он дорем, ки касбияти менеҷмент дониши мукаммали фардие мебошад, ки дараҷаи тайёрии касбии кормандонро ба иҷрои намуди муайяни кор ва фаъолиятҳо дар ҳолатҳои гуногуни роҳбарӣ таъмин менамояд. Аз ин хотир, касбияти (профессионализми) менеҷмент бевосита аз ду қисми бо ҳам пайваст иборат мебошад.

  1. Тайёрӣ ва дониши баланди касбӣ доштани роҳбар.

  2. Дониш ва қобилияти баланди касбии хештаншиносии роҳбарӣ.

Пас, хештаншиносии роҳбарӣ - қисми таркибии тайёрии касбӣ дар менеҷмент буда, ҳамчун фанни алоҳида барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси касбӣ омӯзондан шарти зарурӣ мебошад. Чуноне ки таҷрибаи менеҷменти ҷаҳони пешқадам нишон медиҳад, нишонаҳои олии профессионализмро дар менеҷмент, пеш аз ҳама аз рӯи нишонаҳои хештаншиносии роҳбарӣ баҳо дода, корпорацияҳо ва ташкилотҳои байнидавлатию байналхалқие пайдо мегарданд, ки принсипи асосии роҳбарияшонро хештаншиносии касбӣ ташкил медиҳад.

Ин қоидаҳо талаботҳои зерини макросохториро доро мебошанд:

  1. Ҷаҳонбинии касбии роҳбарон дар менеҷмент.

  2. Коллективи касбии қобилияти интегратсионӣ дошта.

  3. Қобилияти баланди касбӣ — мотиватсионию иҷтимоию рӯҳӣ дошта.

  4. Маданияти баланди касбӣ доштани менеҷмент.

  5. Зинаи касбии хештаншиносиро доро будани сарварон.

  6. Равияи аниқи касбӣ ва устоди касб дар ташкили менеҷмент.

  7. Маълумот, дониш ва ҳунари эҷодкорию навобарии касбӣ доштани менеҷмент.

Аз соҳтори талаботҳои байналхалқии менеҷменти имрӯза бармеояд, ки хештаншиносии роҳбарӣ талаботи асосии инкишофи менеҷмент буда, хусусияти хоси фарқкунандаи хешро дар замони муосир доро мебошад, ки аз нигоҳи мо чунинанд:

  1. Вобаста аз тайёрии касбии менеҷмент.
  • оиди кору фаъолияти касбии хеш дониши махсус доштан;

  • вобаста аз касби интихобкардааш ҳисси баланди кордонӣ ва фаҳмиши усули иҷрои корро доро будан;

пешина
аз 463
навбатӣ