Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

талаботҳои инсонӣ мо дар қисми 1-2-юми менеджмент гуфта гузаштаем. Маълум мегардад, ки инсон ба қоидаҳои маданияте, ки гузаштагони мо ва ҷомеаи имрӯза пайдо намудаанд, бояд итоат намуда, аз меъёрҳои он берун набарояд. Аз ин нуқтаи назар, маданият дар баъзе ҳолатҳо бояд маҳдудияти рафтори озоди шумо низ бошад, ки дар як қатор қоидаҳои навишташудаи ҷамъиятӣ ва динию дунявӣ омадааст. Аз дигар тараф, дар қоидаҳои тарбиявӣ ва маълумотдорӣ ҳам ин маҷбурсозӣ дида мешаванд. Аз ин ҷо дидан мумкин аст, ки барои нигоҳдории низоми муайяни рафтории ҷомеа маданият мақоми арзанда дошта, моро барои таъмини талаботҳомон мерасонад. Пас, ҷараёни истеҳсолот низ бояд дар худ қоидаҳои маданиро бечунучаро дар бар гиранд, то ба талаботҳои ҷамъиятӣ мувофиқат намоянд.

Умуман, маданият ҳамчун қисми таркибии фаъолияти мо кулли қоидаҳо ва рафторҳои ҷамъиягие мебошанд, ки барои таъмини ташаккули устувори иҷтимоию иқтисодӣ хизмат менамоянд. Вобаста аз ин, мо аксар маврид мебинем, ки барои шахсони қобилияти баланди эҷодӣ доштаю ихтироъкорону ҳунармандони воло ин қоидаҳо маҳдудият дошта, онҳоро дилгир менамоянд ва ҳатто қурбон низ карданашон мумкин аст.

Пас, танҳо маданиятшиносии роҳбарӣ имкон медиҳад, ки мо онро бо осонӣ дарк намуда, шароит фароҳам орем, то шахсони ҳунарманду донишманд ва ихтироъкор, озодона кору фаъолият намуда, ба мақсадаш бирасанд, тавассути ихтирою эҷодкорӣ ба қоидаҳои мадании истеҳсолию технологи навоварӣ дохил намоянд.

Чуноне ки донишмандону олимон, шоирону нависандагон ба воситаҳои асарҳои бузург ва шеъру сурудашон дар рафтору фикрронӣ маданияти ҷомеа тағйироти калон ворид месозанд. Аммо кам ҳолат мешавад, ки мо дар замони зинда буданашон ба қадрашон мерасему гуфтаҳои онҳоро дарк менамоем.

Маданият ҳамчун механизми зарурии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва рафтори роҳбарон дар зинаҳои гуногун қарор дорад.

Оила, қавму қабила, авлод, халқу миллат ва тамаддуни ҷаҳони муосир на фақат дар асоси ташаккули истеҳсолоти ҷамъиятӣ, балки тавассути дастгирию кӯмаки унсурҳои мадании меъёрҳо, арзишҳо, қоидаҳо ва манфиатҳо ба вуҷуд меоянд.

пешина
аз 463
навбатӣ