Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Биомад, бикушт он гаронмоя хор,
Табаҳ кард бар мо чунин рӯзгор!

Саранҷом рафтам суи бешае,
Ки касро набуд эч андешае,

Яке гов дидам чу хуррам баҳор,
Саропои ӯ пур зи рангу нигор,

Нигаҳбони ӯ пой карда ба каш,
Нишаста ба пеш-андарун шоҳфаш,

Бад-ӯ додамат, рӯзгори дароз
Ҳаме парваридат ба бар-бар ба ноз,

Зи пистони он гови товусранг
Барафрохтӣ чун диловар наҳанг,

Саранҷом з-он гову он марғзор
Якояк хабар шуд суи шаҳриёр,

Зи беша бибурдам туро ногаҳон
Гурезон зи Эрону аз хонумон.

Биомад, бикушт он гаронмояро,
Чунон бовафо, меҳрубон дояро

В-аз айвони мо то ба хуршед хок
Бароварду кард он баландӣ мағок!»

Фаридун барошуфту бикшод гӯш,
Зи гуфтори модар баромад ба ҷӯш,

Дилаш пур зи дарду сараш пур зи кин,
Бар абрӯ зи хашм андаровард чин,

Чунин дод посух ба модар, ки «Шер
Нагардад, магар з-озмоиш далер.

Кунун карданӣ кард ҷодупараст,
Маро бурд бояд ба шамшер даст!

Бипӯям ба фармони Яздони пок,
Барорам зи айвони Заҳҳок хок!»

Бад-ӯ гуфт модар, ки «Ин рой нест,
Туро бо ҷаҳон сарбасар пой нест.

пешина
аз 345
навбатӣ