Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Давон модар омад суи марғзор,
Чунин гуфт бо марди зинҳордор,

Ки «Андешае дар дилам эзадӣ
Фароз омадаст аз раҳи бихрадӣ,

Ҳамекард бояд, к-аз он чора нест,
Ки фарзанду ширин равонам якест!

Бибуррам пай аз хоки ҷодуситон,
Шавам бо писар сӯи Ҳиндустон,

Шавам нопадид аз миёни гурӯҳ,
Барам хубрухро ба Албузркӯҳ.

Яке марди динӣ бад-он кӯҳ буд,
Ки аз кори гетӣ баандӯҳ буд,

Фаронак бад-ӯ гуфт, к-«Эй покдин,
Манам сӯгворе зи Эронзамин,

Бидон, к-ин гаронмоя фарзанди ман
Ҳамебуд хоҳад сари анҷуман,

Бибуррад сару тоҷ Заҳҳокро,
Супорад камарбанди ӯ хокро!

Туро буд бояд нигаҳбони ӯй,
Падарвор ларзанда бар ҷони ӯй.»

Бипазруфт фарзанди ӯ некмард,
Наовард ҳаргиз бад-ӯ боди сард.

Хабар шуд ба Заҳҳоки бадрӯзгор
Аз он бешаву гову он марғзор,

Биомад пур аз кина чун пили маст,
Мар-он гов Бармояро кард паст,

Ҷуз он ҳарчи буд андар он чорпой,
Биафканду з-эшон бипардохт ҷой.

Суи хонаи Офаридун шитофт,
Фаровон пажӯҳиду касро наёфт,

Ба айвони ӯ оташ андарфиканд,
Зи пой андаровард кохи баланд.

пешина
аз 345
навбатӣ