Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Фаромӯш кардӣ магар Гевро,
Сари паҳлавон Рустами невро?
Надидӣ бадиҳои эрониён,
Ки карданд бо шаҳри тӯрониён?
Зи Тӯрон дубаҳра ба пои сутур
Сипарданду шуд бахтро об шӯр.
Ҳанӯз он сари теғи Дастони Сом
Ҳамоно насудаст андар ниём,
Ки Рустам ҳаме сар фишонад аз ӯй,
Ба хуршед-бар хун чаконад аз ӯй.
Бар ором-бар кина ҷӯӣ ҳаме,
Гули заҳр хира бибӯӣ ҳаме.
Агар хуни Бежан бирезӣ, бад-ин
Ба Тӯрон барояд яке гарди кин!
Хирадманд шоҳиву мо кеҳтаро,
Ту худ чашми дил боз кун, бингаро,
Нигаҳ кун, к-аз ин бад, ки густурдиё,
Або шоҳи Эрон чи бар хурдиё?
Ҳамоно ҳаме хостор оварӣ,
Дарахти балоро ба бор оварӣ!
Чу кина ду гардад, надорем пой,
Аё подшоҳи ҷаҳонкадхудой!
Беҳ аз ту надонад касе Гевро,
Наҳанги дижам – Рустами невро,
Чу Гударзи Кашводи пӯлодчанг,
Ки ояд зи баҳри набера ба ҷанг!»
Чу барзад бар он оташи тез об,
Чунин посухаш дод Афросиёб,
Ки «Бежан, надонӣ, ки бо мо чи кард,
Ба Эрону Тӯрон шудам рӯйзард!
Набинӣ, к-аз ин беҳунар духтарам
Чи расвоӣ омад ба пиронсарам?
Ҳама номи пӯшидарӯёни ман
Зи парда бигустурд бар анҷуман,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ