Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сараш гашт аз андешаи дил гарон,
На хуфту на осуда гашт андар он.

Сухан ҳарчи бар банда душвортар,
Дилаш хастатар з-ону тан зортар.

Кушода шавад, он чи бошад ниҳон,
Чу фармон диҳад Кирдгори ҷаҳон.

РОЙ ЗАДАНИ СОМ БО МӮБАДОН
ДАР КОРИ ЗОЛ

Чу бархост аз хоб, бо мӯбадон
Яке анҷуман кард аз бихрадон.

Кушод он сухан бар ситорашумар,
Ки «Фарҷоми ин бар чи ояд ба сар?

Ду гавҳар чу обу чу оташ ба ҳам
Баромехтан бошад аз бун ситам.

Ҳамоно, ки бошад ба рӯзи шумор
Фаридуну Заҳҳокро корзор.

Зи ахтар биҷӯеду фармон диҳед,
Сари хома бар нақши фаррух ниҳед!»

Ситорашиносон ба рӯзи дароз
Ҳаме з-осмон бозҷустанд роз,

Бидиданду бо ханда пеш омаданд,
Ки шодондил аз бахти беш омаданд,

Ба Соми Наримон ситорашумар
Чунин гуфт, к-«Эй гурди зарринкамар,

Туро мужда аз духти Меҳробу Зол,
Ки бошанд ҳарду ду фаррухҳамол,

Аз ин ду ҳунарманд пиле жиён
Биояд, бибандад ба мардӣ миён,

Ҷаҳон зери по-андар орад ба теғ,
Ниҳад тахти шоҳ аз бари пушти меғ,

Бибуррад пайи бадсиголон зи хок,
Ба рӯи замин-бар намонад мағок,

пешина
аз 345
навбатӣ