Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Забон тез бикшод Дастони Сом,
Лабе пур зи ханда, диле пур зи ком.

Нахуст офарин бар ҷаҳондор кард,
Дили мӯбад аз хоб бедор кард,

Чунин гуфт, к:-«Аз довари покдод
Дили мо пур аз тарсу уммед бод,

Худованди гарданда Хуршеду Моҳ,
Равонро ба некӣ намояндароҳ,

Ситудан мар-ӯро чунон чун тавон,
Шабу рӯз будан ба пешаш навон,

Бад-ӯй аст кайҳони хуррам бапой,
Ҳам ӯ додгустар ба ҳарду сарой,

Баҳор ораду тирамоҳу хазон,
Барорад пур аз мева дори разон,

Ҷавон дорадаш гоҳ бо рангу бӯй,
Гаҳаш пир дорад, дижам карда рӯй,

Зи фармону ройаш касе нагзарад,
Пайи мӯр бе ӯ замин наспарад!

Ҷаҳонро физоиш зи ҷуфт офарид,
Ки аз як фузунӣ наояд падид.

Яке нест ҷуз довари Кирдгор,
Ки ӯро на анбозу на ҷуфту ёр.

Ҳар он-ч офаридаст, ҷуфт офарид,
Кушода зи рози нуҳуфт офарид.

Зи чархи баланд андар ор ин сухун,
Саросар ҳамин аст гетӣ зи бун.

Замона ба мардум шуд ороста
В-аз ӯ арҷ гирад ҳама хоста.

Агар нестӣ ҷуфтӣ андар ҷаҳон,
Бимондӣ тавоноӣ андар ниҳон

Ва дигар, ки бе ҷуфти дини Худой
Надидем марди ҷавонро баҷой,

пешина
аз 345
навбатӣ