Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Менамудам нигоҳ роҳравон
Бо муҳаббат ба кишвари ўзбек,
Дўстиро тарона мекардам
Аз забони қаламкаши тоҷик.
Тай намудем Ўзбекистонро–
Хоки ҳамсояи гиромиро,
Тай намудем гирди силсилаи
Кўҳсори дарози номиро.
Боз дар рў ба рўйи мо Тирмиз,
Истгоҳи аробаҳо омад,
Боз ҳам ошнои дерина
Ҳасан аз нав ба ёди мо омад.
Лек дар шаҳри куҳнаи Тирмиз
На Ҳасан буду на таронаи ў,
На саройи аробакашҳо буд,
На самандеву на нишонаи ў.
Халқ бурдаст роҳи оҳанро
То ба шаҳри Душанбе – навобод,
Кишварамро ҳамеша пайвастаст
Ба Россия – кишвари бахту наҷот.
Бо замине, ки то ҷаҳон боқист,
Ба ҳама шаъну эътибор диҳад,
Ба ҳама халқҳои гуногун,
Фатҳу иқболи бешумор диҳад.
Ҷониби пойтахти тоҷикон
Бо ҳамин роҳ ман сафар кардам,
Дар вагон аз диёри навобод
Чун насими саҳар гузар кардам.
Шуд кушода ба пешвози мо
Бағали водии васеи Ҳисор,
Баҳри кас во шуд аз назорати он
Дида бигрифт лаззати бисёр.
Ҷойи найзорҳои пешина
Киштҳои васеъ дар авҷанд,
Пахтаву ғаллаҳои навраста
Мисли дарё кабуду пурмавҷанд.
Реза-реза аз осмон борон
Ба сари сабзаҳои тар мерехт,
Менамудам гумон, ки фасли баҳор
Ба замин донаи гуҳар мерехт.
Гўсфандони думбаовезон
Мечариданд дар чарогоҳон,
Аз қафои рама қадам мезад
Найи худро навохта чўпон.
Бо трактор ҷавони гандумгун
Дар паси киштҳо замин меронд.
Сатрҳои кадом шоирро
Созу носоз аз дигар мехонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё