Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳамин нуқта шуд ҳикоя тамом,
Аз қафо ғул - ғули мотор омад.
Боз он хонаи раванди мо
Бо ду чашмони шўълабор омад.

Аз Душанбе ба дўши худ овард,
Бори бисёру одамони зиёд.
Ба гумонам, ки метавонад он
Кўҳро ҳам барад ба пушт озод.

Кард пинҳон сутуни ғафси чанг
Худи моро, аробаи моро.
Ҳасан аз шиддати алам мезад
Аспи бечораро накарда ибо.

Нангаш омад, ки аспи номии ў
Хешро аз машина оҷиз сохт,
Аспро сигнали баланди мошин
Сахт тарсонду дар қафо андохт.

Баъди чандин дақиқа дар сари роҳ
Ким-куҷои машина вайрон шуд.
Ҳасани ноумедгардида
Зинда шуд, завқ кард, хандон шуд.

Ронда чархи аробаро пуршаст
Аз машина гузашт аспи Ҳасан,
Фикр мекард, ки ҷаҳон хонад
Ба чунин ғайрати Ҳасан аҳсан.
Ба паси худ нигоҳ нокарда,
Ронд махлуқи безабонро ў,
Кард омехта дилу ҷигари
Дар ароба нишастагонро ў.

Пора шуд айнаки Иван Кузмич,
Кайфи доктор парид, шуд маъюс,
– Зистан мушкил аст бе айнак,
Айнаки хуб буд, эй афсус.

Шуданӣ шуд, шикаст айнаки ман…
Гар чунин ин ароба раҳ гардад,
Чун Ҳасан гар аробакаш бошад,
Хавф дорам, ки устухон шиканад.

Ҳеҷ гапро намешунид Ҳасан,
Фақат аспу аробаро меронд,
Ҳамаи узвҳои моро чун
Навдаи чормағз меафшонд.

Шодии ў накард дер давом,
Боз омад машинаву бигзашт,
Боз мондем бо аробаи худ
Дар миёни ғуборҳои дашт.

Ҳафт шаб бо аробакаш ҳамроҳ
Сахтии роҳро ба сар бурдем,
Хешро то ба истгоҳи вагон
Некбахтона, бехатар бурдем.

пешина
аз 143
навбатӣ