Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Охир онҳо ба дашту водиҳо
Самари пурбаҳо нисор кунанд,
Дўстдорандагони меҳнатро
Сол то сол бахтёр кунанд.
Ҳасан имшаб хамўшу сархам буд,
Ба қафо, сўйи мо наменигарист,
Кас надонист, ки пас аз Қаратоғ
Боиси ин хамўшии ў чист?
Аз машина магар димоғаш сўхт? –
Ё шаби тўйро ба ёд овард? –
Ёди рўйи сиёҳчашмакро
Бо худ аз даргаҳи мурод овард?
Балки бўи гули фикандаи он
Аз димоғаш нарафтааст ҳанўз,
Балки шоми фироқро хоҳад
Нарасонад халал Ҳасан то рўз.
То дарояд аробакаш ба сухан
Мо суруде зи ишқ сар кардем,
Ба дили мард бо суруди худ
Шўр андохта асар кардем.
Гуфт: -Додар, агарчи танҳоӣ
Ба ҷавонмард кори осон нест,
Дар ҷаҳон лаззати муҷаррадӣ ҳам
Камтар аз айши хонадорон нест.
Гарчи дар осмон кабўтари ҷуфт
Менамояд баландтар парвоз,
Вақти парвоз бози танҳогард
Кай шавад бо кабўтарон дамсоз?
Одамӣ шири хомхўрда бувад,
Ногаҳонӣ ба дом меафтад,
Дода аз даст ақлу ҳуш ба гапи
Ёри ширинкалом меафтад.
Аз ягон гўшаи гузаргоҳе
Шўхчашме туро шикор кунад,
Дили кас берун аз иродаи кас
Сўйи ҷонона ихтиёр кунад.
Ҳар чӣ бошад, замона нотинҷ аст,
Нест вақти ин орзую ҳавас.
Ҳолӣ ҳозир барои ман, додар,
Асп бошад, ароба бошад, бас.
Мебароям даме ки ман ба сафар
Ҷони худро ба рўйи каф гирам.
Вой бар ҷони бекасу кўям,
Ки агар дар ҷавониям мирам.
Рўзе чою шакар ман аз Тирмиз
Бор бинмуда раҳсипор шудам,
Дар сари роҳи Деҳнаву Регар
Ман ба ғоратгарон дучор шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё