Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Фикрашон буд, ки кунанд аз нав
Сарзамини харобро обод,
Аз асирии ҷаҳлу нодонӣ
Халқи тоҷикро кунанд озод.
Мо ҳам он вақтҳо дар интернат
Тарбиятгир баччагон будем,
Аввалин отряди пионерӣ
Аз ятимони тоҷикон будем.
Дафъаи аввалин дар отряд
Мо китоби саводро дидем,
Аввалин бор номи Ленинро
Аз алифбои хеш бишнидем.
Аввалин бор аз нақораи мо
Савти марши қадам ба гўш омад,
Аввалин бор аз таронаи мо
Дили шогирдҳо ба ҷўш омад.
Галстуки сурх аввалин дафъа
Зинату зеби гардани мо шуд,
Қасаму ваъдаи пионерӣ
Шарафи мо, бараҳнапоҳо, шуд.
Маркази нав – Душанбеи худро
Дўстдоранда наврасон будем,
Ба ҳама корҳои ин марказ
Ҳамаи мо мададрасон будем.
Аз гилу хок тоза мекардем
Кўчаҳои баланду пасташро,
Мо ба тартиб медаровардем
Ҳар яке ҳавлии нишасташро.
Аз дилу ҷон ба ҳар иморати нав
Аввалин хиштро гузоштаем,
Бо нишондоди коммунист – падарон
Халқи худро азиз доштаем.
Деҳаи аз қадим бе унвон
Қомат аз рўйи хок мебардошт,
Аввалин донаҳои матлабро
Ба замини хароби худ мекошт.
Омад аз тангкўчаи қишлоқ
Тақ-тақи пову шеҳаи аспон,
Дар дами шом рўйи саҳни сарой
Пур шуд аз асп, аз аробакашон.
Охирин рўзҳои сармо буд
Рехт сел аз ҳаво ба сар имрўз,
Дару деворҳои лойинро
Шуст борону барфи тар имрўз.
То миён, то ба гўш дар кўча
Хару аспон ба лой ғўтиданд,
Одамони пиёда пушт ба пушт
Дар сари роҳу ҷўй ғелиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё