Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То кай ин ҷаҳдҳо амал накунанд,
Рўдҳо роҳи худ бадал накунанд.
Тира то кай ситораи бахт аст,
Ганҷ дар хона, диданаш сахт аст.
Нашавад сер чашми дунёдор
Ҳеҷ аз симу ганҷи бемиқдор.
Аз қадим аст ин масал машҳур
Дар миёни ҷамоаи муздур:
«Чашми дунёпарастро танҳо
Мекунад сер хоки гўри сиё (ҳ)».
Душмани пурфиреби дерина,
Ки ба рўяст мисли ойина,
Боз гўям, ки ман ғуломи туам,
Мефурўшад ба дигаре он дам.
Бояд онро зи мулк пеш кунем,
Фикри осудагии хеш кунем.
Қадами «ворисони» Шоҳиҷаҳон
Канда гардад зи хоки Ҳиндустон.
Душманон рафта дўстон оянд,
Бо дили соф меҳмон оянд.
То кушоям ба наздашон шодон
Нозу неъматнисор дастархон.
Ту фурўзанда бод чу як машъал,
Дар лаби рўди Ҷамна, Тоҷмаҳал!
1948
ДАР ОРЗУИ ОШЁН

Ба умри худ магар дидӣ касеро,
Ки аз рўйи замин безор бошад?
Ба фикри осмони беғубору
Қадамнорас сари кўҳсор бошад.

Кунад парвоз монанди уқобон,
Ба ҳар ҷо, ки дилаш хоҳад, нишинад.
Дигар ҷавру ҷафои золимонро
Ба дўши худ на бардорад, на бинад.

На дигар бинаду сўзад ба доғи
Замини зерипогардидаи худ,
Дили хунину пурдоғи фақирон,
Тани бо дарду ғам печидаи худ.

Сафар кардам ба Ҳиндустон, дидам
Басе ин гуна мискин одамонро,
Ба гўши хеш дар ҳар ҷо шунидам
Суруди орзу, уммедашонро:

«Чаро дар кишвари худ ошёне
Ҳама парандагон доранду мо не?
Уқобон дар фазои кўҳсорон
Барои худ ҷаҳон доранду мо не?»

Чу ояд шаб, намедонанд онҳо
Сари худро куҷо монанду хобанд,
Ба зери сар дар он шабҳои торик
Чӣ сон хишту кулўхеро гузоранд.

Дарахти сершоху барги манго
Тамоми рўзу шабҳо соябон аст,
Ба болои сари онҳо чу симурғ
Пари худро кушода посбон аст.

пешина
аз 143
навбатӣ