Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо ҳамон дасте, ки дар рўйи замин,
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб,
Дилпурона давлати олиҷаноб,
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагўён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ,
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сўям оғўшат калон бикшодаӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ,
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо,
Пок кардӣ ашки чашмони маро,
Бо ҳамон дасте, ки гул бў кардаӣ,
Шонаро бар кокулу мў кардаӣ,
Сўйи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро гусел!
1963

МОДАРАМ

Тифл мондам аз ту, модар, рўйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абруи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кўю дар,
Чунки то имрўз, модар, кўи ту дар ёд нест.

Рафтам аз занҳои пири деҳа кардам ҷустуҷў,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугў,
Гўш кардам рафта ҳар як ҷунбиши шохи дарахт,
Бо гиёҳу сабзаҳои дашт гаштам рўбарў.

Рўд мегуфтам, ки ў оби маро нўшида буд,
Кўҳ мегуфтам, ки дар оғўши ман кўшида буд,

пешина
аз 143
навбатӣ