Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Одам табиатан ҳасуд аст, табиатан рашк мекунад, табиатан ситезакор асту кина меварзад. Бинобар ин ба хусусияти табиию рӯҳии инсонӣ қоил шудан мумкин нест, ки ҳар соати корат чанд пул мегирӣ. Ҳатто нархи аслии манзилу мошину сару либосро бояд пинҳон дошт. Дар мактаб баҳо махфӣ дошта мешавад, ки миёни хонандагон рашку ҳасад дар нагирад. Баҳои санҷишу имтиҳон ба ҳар кас танҳо ба танҳо гуфта мешавад. Нарху наво низ ба назардошти психология сурат мегирад. Аксари молҳоро, албатта, чанд доллару 90-99 сент нарх мемонанд, ки ба чашму зеҳни харидор якбора қимат нанамояд.
Дар саросари Америка ҳеҷ шаҳри калоне пойтахт нест.
Пойтахти ҳар штат як шаҳраки канории гумном аст. Чаро?
Ба сабабҳои мухталиф. Аз ҷумла, барои он ки давлатмардон ба чашми мардум нанамоянд ва ҳар мавриде дастрас набошанд. Сонӣ, табаддулоту шӯришҳои мабодо, тазоҳуроти мабодо ба назар дошта шудааст, ки ин хатар ҳам амри муҳол мебошад. Чунончи, пойтахти Тоҷикистон Душанбе нею Тавилдара бошад. Ҳеҷ издиҳоме ба Тавилдара рафта, гирдиҳамоӣ намекунад. Ба шарте ҳам ки равад, то Тавилдара чораашонро мебинанд.


Америка ниҳоят капитализми мутараққист, кулли комёбию дастоварди ин сохтори куҳнаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Илми мутараққӣ, саноати мутараққӣ, кишоварзии варзида, фарҳангу маданияти мукаммал.
Америкоии таҳҷоӣ барои нони рӯзмарра ҷон намеканад, фикру зикраш саломатию дарозумрист. Аз ғалоғулаи шаҳру сели мошин дур зиндагӣ мекунад. Дар канори фаввораю шаршараҳо ба варзишу тарбияи бадан машғул аст.
Америкоии миёнаҳол бештар аз сад сол умр мебинад.
Кампираки садсолааш монанди халтачаи мушку анбар аст.
Мӯсафедаки садсолааш ба девор мушт занад, девор чаппа мешавад. Муҳоҷирон ҳам серу пӯшидаанд. Дар ин фаровонӣ ватанатро фаромӯш мекунӣ. Америка зарфи булӯриест бо садою ҳавою адою навои булӯрӣ; ҳамин ки нохун задӣ, он қадар гӯшнавозу дилнавозу ҷоннавоз мехонаду мехурӯшад, ки дигар ҳоҷат ба даллолӣ нест.
Вале бо тақозои табиати сармоядориаш андарун ғажд аст, ғажди корчаллонию авомфиребӣ, ғажди судхорию ришвахорӣ, ғажди фиребу найрангу қаллобӣ. Аз фолбину кисабури сари кӯча то давлатмардон туро талаю тороҷ мекунанд. Аз демократия лоф заданашон маҷозист. Ин чӣ демократист, ки ба Покистони ҷоҳилия яроқи атомӣ медиҳанд? Ин чӣ демократист, ки толибини ҷоҳили бунёдгаройро яроқнок мекунанд? Ин чӣ демократист, ки Афғонистони бадбахтро несту нобуд сохтанд?
Ман имони комил дорам, ки агар Шӯравӣ дар Афғонистон мепоист, ҳоло Афғонистон як ҷумҳурии ободе буд, ҳамчун ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (ҳарчанд ман ба он таҷовузи Шӯравӣ эътироз мекардам). Зеро Шӯравӣ нисбати зердастонаш беҳад инсоф дошт. Дар ҳафтод сол аз қавму қабоили парокандаи гумном ҷумҳурию миллатҳо сохт, аз қишлоқаку овулҳо шаҳрҳои бузурги замонавӣ бунёд кард.
Вале Америка, чуноне мушоҳида мешавад, нисбати зердастонаш чандон меҳрубон нест. Ҳар кишвари ноободе, ки зери тасарруфи сиёсати Америка буд, тақрибан ҳамон тавр нообод боқӣ мондааст. Барои мисол, қариб саросари ҷамъияти Покистону Афғонистон, шаст дарсади ҷамъияти Эрону Туркия хондану навиштан наметавонад. Аммо саросари ҷамъияти Осиёи Миёна босавод аст. Саноату зироаташон низ аз ҳама зердастони Америка беҳтару бештар. Хулоса, капитализм маъқул нашуд, сотсиализм ҳазор маротиба беҳтар аст.

пешина
аз 110
навбатӣ