ЗАМИНИ МОДАРӢ

Дар ҳошияи қишлоқ боғҳои ток ва дараи Шер. Аз инҳо он тараф - ҷару дараи дуобагию шӯлашу хорбуттаҳои овезон ва ду кунда тути хасаку як тана сада, ки мо сабдааш мегӯем, яъне сабада (ин дарахт, дар ҳақиқат, ба сабад монанд аст, хусусан баъди баргрезони тирамоҳ). Ва дар хамгашти дуобагӣ дунгие бо номи Кофирқалъа. Дар гардани борики дунгӣ - Олучамазори латтабандӣ, айни духтарчае, ки ба кокулҳояш пилтаю пахта бофта бошанд.
Дар тирези Кофирқалъа ғори момаҷавак даҳанвоҷак мекард, зайли касе, ки даҳанашро паҳн кушода хамёза мекашад. Момаҷавак дар тасаввури бачагии мо кампираке буд, ки дар тоқчаи ғору ҷар зиндагӣ мекард. Дар асл акси садост, ки ҳой гуфтед, ҳой мегӯяд. Момаҷавак ё Момаҷавобак аз дилхушиҳои мо буд. «Момаҷавак, кулча мехурӣ, ҳалво?» - гуфта ҳой, ки мезадем, сари овозамонро гирифта, «Ҳалво!» мегуфт.
Боқӣ - арғамчини чигинараҳи Олучамазору чанги хоки пиёдаю саворае, ки рафтуомад мекарданд. Баъд аз роҳҳои мошинравак чигинараҳи Олучамазор ба аҷинабодакҳо монд.
Аз ин куҳнароҳ рафта-рафта пойи мардум канда шуд, вале чашм наканданд. Зеро аскарбачаҳоро, ки бо ҳамин раҳ ба ҷанги Гирмон бурда буданд, гумон мекарданд, ки бояд боз бо ҳамин раҳ баргарданд:
Дар хами пуштаҳои Файзобод, Чашм бар роҳи кӯҳна шому саҳар, Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст,
Дар кафи ӯ хати сиёҳи падар.
Ҳозир бисёрии он манзараҳо нобуд шудаанд. Ҳозир касе намедонад, ки дар фалон сари хандақ зардолӯи қандаке буд; дар фалон лаби об - чаноре, ки вақте афтондандаш, замин ҷунбид; дар фалон боғ - сафедори баланде, ки осмонро ҷорӯб зада мерӯфт. Лангари куҳнароҳ ҳам, ки аз ҳар қадамаш хотираи қадами азизе боқист, кайҳо фарсудааст. Бораю буттаҳою дараҳо ламида рафтаанд. Аз дару деворҳои дерина қариб нишоне нест. Аммо ба хоби ман медароянд. Бо бачаҳои солҳои пеш, бо додарам Темур.
Хусусан он мактабхона — ягона хоначаи сафедак, он масҷиди чӯбкории шақшақаи куҳна ва боғамон дар хамёзаи дуовагӣ, ки тобистонҳо дар гӯшааш каппа зада, кандани ситораҳои шабро тамошо мекардем. Ситораҳо рост намеафтоданд, балки ҳамчун алмос шишаи осмонро бурида мерафтанд. Аз мушоҳидаи осмон мефаҳмидем, ки Ҳафтдодарон ҳаракат карда, дар ҳар фасле ҷояшро иваз менамояд. Тобистон - дар ҳавои болои як теппа, тирамоҳ - дар ҳавои болои теппаи дигар ва ғайра. Ҳамчунин медидем, ки ситораҳои калон тулӯъ ва ғуруб мекунанд. Баъдҳо донистем, ки онҳо сайёра номида мешудаанд. Баланд гузаштани мушакҳои сунъиро низ дида, ба дигарон нишон медодем. Хусусан мӯсафедон ҳайрон мемонданд.
Шабҳои тобистон натанҳо боғҳо, бому дар, палаку полизу хирманҳо, раҳу пайроҳа ҳама обод буданд. Аз ҳар гӯшае бош-бошу их-иху иш-ишу киш-киш шунида мешуд.
Натанҳо одамон, рӯбоҳу ҷайраю сагу пишак хоб надоштанд.
Нохост хиш-хиши хушке шунида мешуд, зайле ба харе найдарзаи хушк бор карда мебурда бошанд. Ин ҷайра буд.
Ногаҳон аз танаи ҷарӣ ҷиғубиғи гӯшхароше шунида мешуд.
Ин чуғзак буд. Гӯё пару пучаш мекарда бошанд. Ва дар ин миён яке девонаи Кенҷа мехонд:
Аҷал, моро накуш, мо навҷавонем, На дунё дидаю не шодмонем,
Бирав, аз кӯчаи пирон гузар кун, Ба мо навбат расад, мо худ равонем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё