Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳанӯз аз ҷилди китобаш бар ман Сураташ тозаю тар механдад, Сураташ бехабар аст аз маргаш, Сураташ, бин, чи қадар механдад.(…) Ахир дар кӯча як Абдулло Дӯст монд, дигарон тадриҷан ба саҳнаҳо баромадем, нахуст ба саҳначаи толори нависандагон, сонӣ ба саҳнаи клубҳо, театрҳо, қасрҳо, то минбари маҷлисгоҳи Шӯрои Олӣ. Албатта, мо ҳанӯз шоирпоир набудем, вале аз пешгоҳи маъракаҳо дастак задаву калла такондаю наъра зада, шеър мехондем ва чак-чаку гулафшоние мешуд, ки гуфтан надорад, дар мавҷи қарсаку анбӯҳи дастаҳои гул паноҳ мешудем. Аз бӯсобӯс лабҳоямон сурхидаю кафида обила мебаст. Соядасти моро на танҳо дар китобу китобчаҳо, дафтару дафтарчаҳо, балки дар лабҳо, дар сари рухсораҳо бо бӯсаҳо мебурданд. Суратҳоямонро дар чорчӯбаю лавҳаи қиблаи деворҳою қиблаи дилҳо медидем. Мухлисону муштариён, ҳаводорону хотирхоҳон ва рафиқону алоқамандонро, ба қавли мардум, дар болои мо талошак буд. Ҳамчун соқии базму бозиву зиёфат, раиси тӯйу маъракаю маросим дар ҳама ҷо мо будему микрафону издиҳоми раққосу арғуштӣ, мо будему микрафону хандоханду барқу зарқи лабу дандон, мо будему микрафону ҳилҳилаю силсилаю шилшилаҳои арӯсон.
Хулоса, мо бе шеър машҳуртару шоиртар будем.
Ғазалҳои ҳақиқию самимии мо ҳамон чак-чакҳои пурҷӯшу хурӯш, ҳамон соядастҳою соялабҳои ошиқона буданд, ки инак ҷилд-ҷилд хотираҳои зарандуду зарнигорӣ шудаанд.
Ёди он рӯзҳои бешеърии мо ба хайр бод.
Аммо ҳангомаю валвала ва он ҳама ҳаяҷону васвасаи рӯзмарра имкон намедод, ки дар сари шеъру шоирӣ ҷиддан таҳаммул намоем. Ва баъдан, ки аёлманду бачадор шудем, дигар фурсати китобхонаравӣ, китобхонӣ, худомӯзиву худварзӣ низ билкул нашуд. Ҳам аёлмандию ҳам шоирӣ, ҳам ташвишу саргардонии рӯзғору ҳам шоирӣ, ҳам бачадорию ҳам шоирӣ, ҳам тӯрхалта дар бағал бозорию ҳам шоирӣ, ҳам фикри маоши хонаводаю ҳам шоирӣ, мебахшед маро, тамоман намешавад. (Навқаламони азиз, он номаъқулиҳое, ки мо кардему дидему санҷидему пушаймон шудем, шумо накунед, ки пушаймонӣ суд надорад. Агар зану фарзанду хонаву хонаворӣ, ҷӯраву ҷӯрабозӣ, бозору анбору магазин, мудирию раисию вазирӣ, савлату давлат хоҳед, шеър нанависед. Шеър қурбониҳои молӣ не, қурбониҳои ҷонӣ металабад.(…)Ва намешавад ҳам тӯйхӯрию арғушту усулу ҳам шоирӣ, ҳам шикамборагию оруғзанию ҳам шоирӣ, ҳам сармастию оқу воқу ҳам шеър, ҳам катагию ҷилваю ҷавлону ҳам шоирӣ).
Ана, барои чӣ шоирони қадимӣ чилашинӣ мекарданд, гӯшаи узлату хилват мегирифтанд. Ана, барои чӣ Хоҷа Ҳофиз ба ғори даҳанаи Рукнобод будааст ва чаро ба як пӯстаку як ҷандаи пашмина қаноат мекардааст (Хушбахтона, ман он ғорро зиёрат кардаам. Аз фаршаш ҷӯйбораке ҷорист ва аз сақфаш чакка-чакка шилми мӯмиёӣ мечакад). Шахсан ман агар ҳозир дар қишлоқи Сӯфиёнам мебудам, дар дараи дӯлоназору чашмасори хилвати Қӯқанӣ чилахона мекандам.
Гуфтам, ки даруни ғор мебояд рафт, То шеър нависӣ беғаму беташвиш, Гулчеҳра ба ханда гуфт: беҳуда магӯ, Феълан, ки ба ғор мурдаат хоҳад рафт.
Воқеан, ба шонати шоирӣ мақому мартаба ёфта, каруфару айшунӯш кардан мумкин, лекин шоир шудану шоир будан ба ҳар қаламдасту қаламкашу қаламкору қаламфарсое насиб нахоҳад кард. Ҳатто дар рӯйи чорпояи ҳукуматӣ бошӣ ҳам, манфиат надорад - ҳамин, ки чорпояро аз зери поят кашиданд, мурданивор ба замин мезанӣ.(…) Баъзан касоне ҳам ба ҳукми тасодуф эътироф мешудаанд, сарфи назар аз эҷодиёташон. Масалан, ҳамин Нимо Йӯшиҷ, ки ба эътирофи умум асосгузори шеъри нави форсист, хусусан худаш, осори ҷолибе надорад. Ба назари ман, ҳар шоире аз ӯ шоиртар аст.

пешина
аз 110
навбатӣ