Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Азобу заҳмати тоқатфарсои ман боз дар он буд, ки ҳамин шеърҳои лангарии пуршикасту микастамро аз ёд карда, дар вохӯриҳои мунтазам мехондам. Ҳайфи он хонданҳо, ки чӣ қадар баланду бурро мехондам ва истаконистакон оби хунук мехӯрдам, ки ҳаяҷону тапидани сахти дилам фурӯ нишинад. Ва сад бор ҳайфам меояд, ки барои ҳамин шеърҳо ҳамқаламонам ба КГБ маълумот менавиштанду ман баёнот медодам. (…) Воқеан, аз тамоми шоирони вақт шоири «антипартийный» як ман будам ва аз тамоми шоирон шоири зиндонӣ низ як ман. Ба таъбири дигар, шоири барои ҷамъият хатарнок. Бар ин бино, маро аз тантанаю ҳафтаю даҳа, мукофоту унвонҳои адабӣ ва ҳар гуна имтиёз барканор дошта, тазъиқ медоданд. Ва ман ҳеҷ вақт додрасу додситону муттакое надоштам, ҳатто муаллиму устоди дилсӯзу ғамхоре. Ҳеҷ вақт касе ба ман амалан нагуфту нафаҳмонду нишон надод, ки шеър чист ва чӣ илме дорад.
Дар донишгоҳ дарси арӯз гузашта будем, аммо ба тариқи маърӯзаю гуфтугӯйи умумӣ. Дар навқаламиҳои мо мушовири назми Иттифоқи нависандагон Боқӣ Раҳимзода, ёдаш ба хайр бод, фақат шифоҳӣ машварат мекард, ба дафтаре қалам намезад ва қаламе ба даст намегирифт.
Бинобар ин, дар дафтарҳои мо аз Боқӣ Раҳимзода аломате боқӣ намондааст. Шахсан ба ман то ба охир маълум нашуд, ки ӯ бо чӣ хату рақаме менавишту мехонд.(…) Дар Иттифоқ мувофиқу мутобиқ ба одати маъмулии тоҷикӣ асосан ба одами хуб диққат медоданд, на ба нависандаю шоири хуб. Маҷмӯаи ҳар касе, ки муҳокима мешуд, якзайл «одами хуб-одами хуб» ё «бачаи хуб-бачаи хуб» мешунидӣ. Боре, аз ин безор шуда, гуфта будам, ки ба мо шоири хуб лозим аст, агар муаллифи мазкур одами хуб бошад, ба чойхона равад, бигузор дастҳояш пеши бар ба мӯйсафедон чой кашад (маро Фазлиддин Муҳаммадиев, ёдаш ба хайр, Ғаффор Мирзо номид, ки ба нофармонӣ ном бароварда буд).
Одами хуби тоҷикӣ, яъне чӣ? Яъне, махсумтабиати заифмиҷози хушмуомилае, ки ҳама вақт доваш медавад:
вазифа, мукофоту унвон, хонаю мошину ордену медал, ҳатто оддитарин нишони ҳукуматиро аз ҳама пеш ҳамин одами хуб мегирад (аниқтараш, қаблан мегирифт).
Аз ин типҳо ман ҳанӯз аз интернат хотирае дорам фаромӯшнашуданӣ. Як рӯз бачаҳаки хоксораки хушмуомилаеро оварданд, ки натанҳо ба муаллиму мураббиён, ба мо ҳам, дастҳо пеши бар, салом медод. Мо, ки аз кӯчаи саломуалейк нагузашта будем, ин рафтори ибратомӯзи ӯ дар як он дағдаға шуда рафт. Вале як вақт аз дарс баромадем, ки ин бачаи хуб кампалҳои хобгоҳро дуздида гурехтааст. Инро барои он ба миён овардам, ки ман ҳеҷ гоҳ «бачаи хуб»-у «одами хуб» набудам.
Ба шеърҳои ман баъзан Муъмин Қаноат қалам мезад ва аввалин шеърчаи маро дар «Садои Шарқ» низ ӯ чоп кардааст, ки абадан миннатдорам. Лекин вай ҳам ба ман устодӣ накард.(…) Ҳамин тавр, ман ба зӯри худомӯзию меҳнату заҳмати худам шоир шудам, муаллиму устози ҳақиқию ҳаққониам худам будам. Ҳеҷ кас дасти навишту ҳавои равиши қалами маро рост накардааст.(…) Аммо нағз фаҳмидам, ки алалхусус дар шоирӣ устозу раҳнамое мебояд ва ин касаба, касабаест сахт вобаста ба муршиду мурид, ки гуфтаанд:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд, Ҳеҷ мавлоно нашуд Муллои Рум, То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

пешина
аз 110
навбатӣ