Фарзияи усто Салим

Ҳазорҳо роҳҳои ба тилисми реклама гирифтор намудани одамони одӣ вуҷуд дорад ва ҳатто институту марказҳои омӯзонидани мутахассисони ин соҳа шабу рӯз дар фикри боз бо чӣ усулҳои нав гаранг кардани сари муштариён фаъолият мекунанд. Мақсади асосии онҳо молҳои фачу пучу нодаркори худро бо нархҳои гарон фурӯхтан ба мову шумо барин одамон аст. Албатта, дӯстам шояд шумо эътироз кунед, ки он маводҳои рекламашаванда аксаран чизҳои лозима ҳастанд ва барои беҳтар кардани зиндагии мову шумо истеҳсол мешаванд.
Аммо, ба фикри ман, мақсади рекламаҳо ба даст овардани фоида буда, бе ҳамон маҳсулоти рекламашуда низ ҳаёт рангинтару солимтар мегузарад. Падару модаронамон бе он атриёту ҳазор навъи собун, кремҳову пояфзолу телефонҳои гаронқимати рангобаранг умри пурфайзу бобаракатро мегузарониданд-ку? Аз ҳавасу фикрҳои беҳуда, ки сарчашмааш экранҳоянд, озод буданд, – гуфт мӯйсафед бо як оҳанги хос.
– Ҷалби ба ном «ситораҳои муосир», ҳофизону ҳунармандони кинову театр, варзишгарон, умуман одамони машҳур, ки ба ҷавонони имрӯза хело писанданд ва чун намунаи тақлид ба ҳисоб мераванд, ба ин бозии нобаробар – яъне мошини реклама ва муштарӣ, бе ин ҳам сари пур аз маълумотҳои нодаркори муштариёнро пуртар мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё