Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

роҳбари шуъбаамон Муҳайё Яъқубова ин усули ҳилагаронаро нисбат ба ман дар соли гузашта истифода бурда, қариб моро бо ҳам душман мекард, вай он кореро, ки ман иҷро карда истода будам, таъкид намуд:
«агар ту аз ухдааш набароӣ, ба шарикат месупорам».
Ту гӯё онро тезтар иҷро мекардаӣ. Албатта, чунин ишора ба иззати нафсам таъсири сахт расонд. Аммо, дӯстам, мо бояд ба ин усулҳои маъмурияти нашрияамон сахт аҳамият надиҳем, зеро тадқиқотҳо собит намуданд, ки усули тарсдодану маҷбуркунии кормандон, ҳосилнокии меҳнати корхонаро сусттар мекунад, – хулоса намуд Умед.
Дар доми ташвишу ваҳму муҳлатҳои таъҷилии иҷроиши супоришҳо, 8 соати кории рӯзи душанбе мисли як лаҳза гузашта рафт. Одатан ҳангоме ки одам бо ягон кори муҳим саргарм мешавад, чӣ гуна гузаштани вақтро нафаҳмида гумон мекунад, ки сонияву дақиқаҳо тез-тез мегузаранд. Соати кори Анӯшервон хотима ёфт, ӯ компютерро хомӯш намуда, аз корхона баромаду ба самти хонааш, ки аз бинои коргоҳ 2-3 истгоҳ дуртар воқеъ буд, равон шуд.
Ҳарчанд ки моҳи охири тобистон буд, асфалти кӯчаҳо

пешина
аз 161
навбатӣ