Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Баъдан, усто дигар аъзоёни клубро муаррифӣ намуд.Ин се дӯсти дерина, аллакай зиёда аз 40 сол боз якдигарро мешиносанд. Марди қоматбаланд, бо қиёфаи бениҳоят ҷиддӣ - Дилшод Султонов дар вақташ низомӣ буда, солҳои зиёд дар нафақа будааст ва рафиқон ӯро «полковник» гуфта, муроҷиат менамуданд. Маълум буд, ки ин марди ҷиддӣ байни дӯстон нақши калон дошта, фикру андешаҳояшро аҳли нишаст бодиққат гӯш мекарданд. Намуди зоҳирии ин марди азимҷусса хоҳу нохоҳ таваҷҷуҳи одамонро ба худ ҷалб мекард. Ӯ бароҳат чорзону нишаста, бо панҷаҳои дасти рости паҳлавониаш, бонавбат биринҷу нахӯд, гӯшту сабзиҳоро моҳирона ба лаби табақ нола карда, майда-майда нӯши ҷон мекард.
Нафари дигар Шуҳрат Мухторов, профессори донишгоҳи миллӣ, дар риштаи математикаи олӣ ҳар ҳафта, як ё ду маротиба ба донишҷӯён лексия мехонад, рафиқон ба тарафи ӯ «профессор» гуфта муроҷиат мекарданд. Ин марди миёнақад, ҳам бо намуди зоҳирӣ ва ҳам бо рафтору хислаташ комилан акси полковник буд. Ӯ хело зирак буда, қабл аз фикри худро дар ҳар масъалае баён намудан, каме таҳаммул намуда, забонашро ба монанди калтакалос аз даҳон бароварда лаб лесидаву бо овози паст сухан мекард.

пешина
аз 161
навбатӣ