Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Дар хусуси олимону одамони муътабари кураи замин бошад, – хуб, онҳо ҳам одаманд ва аксаран хизматгори ин экранҳо ҳастанд, аниқтараш хизматгори соҳиби ширкатҳои бонуфуз, ки зеҳни ин нобиғаҳоро истифода мебаранд. Баъдан худи ихтироъкунандагони компутару, телефонҳои замонавӣ ҳамон олимону нобиғаҳои номбаркардаатон нестанд магар? – гуфта ба Анӯшервон муроҷиат намуд усто Салим. Аз ин лиҳоз як-ду олими барҷаста, ки воқеан аз хатари экранҳо огаҳанду барои солимии башарият мубориза мебаранд мисли сагҳои биёбон ба корвони гузаранда беҳуда аккос зада мемонанду халос, – бо ин сухан ба посухаш хотима бахшид усто Салим.
– Акнун иҷозат деҳ, ман суханамро оид ба интихоби чунин намуди паноҳгоҳам давом диҳам, зеро аллакай соат чор шуда, намехоҳам, ба Душанбе то дили шаб расӣ, агар албата хоҳиши бо ман истодан надошта бошӣ-гуфта шӯхиомез нигоҳаш кард усто Салим.
– Гӯшам ба шумо, ҷаноби реалист, гуфта, – ҳамон тавр шӯхиомез посух дод Анӯшервон.
– Ин тавр ки бошад, давом медиҳам, – хулоса дар дашту кӯҳсор ман паноҳ бурда наметавонистам ва рӯзе

пешина
аз 161
навбатӣ