Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр нияти халосӣ чустан дар миёни кӯҳҳои осмонбӯс роҳи ҳал набуд.
– Ман намефаҳмам, усто, чаро миллиардҳо одамони курраи замин нақши экранҳоро дар ҳаёташон қабул кардаанду худро хушбахт ҳис мекунанд, ба ягон баландию чуқурӣ паноҳ наҷуста зиндагӣ мекунанд, фарзанд тарбия мекунанд, дар бораи мавҷҳои электромагнитӣ фикре надошта умри дароз мебинанд, магар онҳо хато мекунанд, о дар миёни онҳо олимону нобиғаву миллионҳо одамони равшанфикр ҳаст, ки бояд ба ин хатар аҳамият медоданд, – оромона суол дод Анӯшервон.
Усто, ки пазмони баҳсҳои дӯстонаш буд, ба ин суоли мантиқии Анӯшервон хурсанд шуда гуфт:
– Офарин, хело суоли хуб додӣ писарам, биё, аввал дар хусуси одамони одӣ сухан гӯему баъдан дар бораи олимону нобиғаҳо ҳарф занем.

пешина
аз 161
навбатӣ