Фарзияи усто Салим

Полковник бо дасти росташ ба даричаи оҳанин панҷ маротиба зарба зад. Пас аз чанд лаҳза қулфҳои дохилаи даричаи оҳанини таҳхона ба ҷунбиш даромада, дар кушода шуд.
IX
– Оҳо, азизони дилам, марҳамат карда ба кулбачаи
ман меҳмон шавед, – мӯйсафед бо риши дамидаи сапсафедаш онҳоро пешвоз гирифта, барои поён
фаромадан бо дасти росташ ишора кард. Паноҳгоҳи
усто дар чуқурии тақрибан панҷ метр, дар зери
имораташ ҷойгир буда, аз дохил хело равшану васеъ
менамуд. Даромадгоҳи асосӣ тавассути зинапояи
оҳанин муяссар мешуд. Пас аз саёҳати хурдакаки
дохили паноҳгоҳ ба Анӯшервон маълум гардид, ки
ҳаҷми он тақрибан чил метри мураббаъ буда, дорои
таъминоти барқии мутамарказе, ки тавассути
батареяҳои барқии дар боми бино насб гардида
равшаниро таъмин менамояд. Системаи шамолдиҳӣ
ва тоза кардани ҳавои дохилии он, системаи
баровардани оби нӯшокии зеризаминӣ, ҳоҷатхона, китобхона, ошхона, анборхона бо захираи хӯрокаи кансервшуда, гармхона барои парвариши намудҳои гуногуни меваю сабзавот ва даҳҳо лавозимоти лозимии дигар барои зиндагии як нафар муҳайё шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё