Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Офарин, ёфтӣ дӯстам, барои ҳамин ин солҳои дароз ман таъкид карда истодаам, ки зан гир, тезтар гир, зеро аз сӣ гузаштию на зану на фарзанд.
Аниқтараш занат экрани компютеру фарзандат мушаки компютер. Камтараки дигар истӣ, дигар ягон кас нигоҳ намекунад ва ҳамин тавр пир шуда меравӣ.
Ногаҳон суҳбати дӯстонро бо шаст зада даромадани Сарвиноз қать намуд. Ӯ то он дараҷа мушавваш буд, ки мехост чизеро бигӯяд ва агар худи ҳозир даҳонашро кушода гап назанад, мекафад.
– Чӣ шуд Катюша? Чаро чунон безобитаӣ? Магар супоридани мукофотпулиро манъ намудаанд? – аз ин ташвиши Сарвиноз Умед низ асабонӣ шуда, аз мукофотпулӣ пурсид.
– Кадом мукофотпулӣ? Мукофотпулиро медиҳанд, ман дар бораи дигар чиз фаҳмидам, шумо усто Салимро хуб медонед-а? Ҳо, ҳамон марди аҷиб, ки аз таҷҳизотҳои электронӣ ҳарос дорад, хулоса ӯ се ҳафта пеш аризаашро барои аз кор озод карданаш супоридааст.

пешина
аз 161
навбатӣ