Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ин қоидаи зиндагӣ аст.
Умуман нафаре, ки аз маош бой шуда бошад, ангуштшумор аст. Беҳуда дуои бадтарини яҳудиён - «Худоё, аз ин маош то ба он маош зиндагӣ кунӣ»
набудааст.
– Ана, ин гапатон дуруст, – сухани дӯсташро тасдиқ намуд Умед, – ҳамин директори мо дар ҳазор ҳила гум аст.
– Чаро ба ин хулоса омадед?- бо лабханд пурсид Анӯшервон.
– Хай, худатон хулоса бароред, ки як ҳафта пеш овозаи супоридани мукофотпулиро барои кулли кормандон эълон намуданд, тӯли ин як ҳафта ҳамаро боумед кунонданд, кормандон бо як ҳавасмандии зиёд то нимаҳои шаб кор карда нақшаи кориашонро даҳчанд маротиба бештар иҷро карданд. Аз ин чиз маъмурият бурд кардаву фоидаи корхона низ афзуд, дуруст? Лекин, мукофотпулӣ ҳанӯз дар роҳ, ҳоло маълум нест, ки кай медиҳанду чӣ қадар аст он, яъне танҳо бо як овоза, директори корхона маблағи даҳ мукофотпулиро бароварду, боз миёни аҳли кормандон ҳамчун саховатмандтарину беҳтарин директор шуҳрат пайдо кард, магар ӯ нобиға нест?

пешина
аз 161
навбатӣ