Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳиҷоҳои кашида (ё якунимҳиҷогӣ) шаш навъ мешаванд:

  1. Як садоноки дароз ва як ҳамсадо дар охир: оф-тоб, ӯр-дак, эҳ-сон.
  2. Ду ҳамсадо ва як садоноки дароз дар мобайн: хур-шед, дор-боз, мӯр-ча.
  3. Се ҳамсадо ва як садоноки кӯтоҳ дар мобайн: хурд, шаст, бист.
  4. Се ҳамсадо ва як садоноки дароз дар мобайн: дӯст, корд, бехт.
  5. Як садоноки кӯтоҳ дар аввал ва ду ҳамсадо дар охир: ақл, умр, ишқ.
  6. Як садоноки дароз дар аввал ва ду ҳамсадо дар охир: орд, ӯст.
    Дар муайян кардани вазни арӯз ҳиҷоҳои кӯтоҳро бо аломати –У, ҳиҷоҳои дарозро бо аломати - , ҳиҷоҳои кашидаро бо аломати –У ва ҳиҷоҳои охирро бо аломати ~ ишора менамоянд. Ҳамчунин, ҳангоми таҳлили вазни шеър тарзи қироат ва риояи қоидаҳои васли ҳарфҳо ва ҳиҷоҳо дар рукнҳо муҳим мебошад.
    Дар омӯзиш ва муайян кардани вазни шеър дар баробари донистани ҳиҷо ва навъҳои он азхуд намудани тақтеъ ва рукн шарти муҳим мебошад. Дар луғат тақтеъ калимаи арабӣ буда, ба маънои қатъ кардан, буридан меояд ва ҳамчун истилоҳи арўзшиносӣ ба қитъаҳо ва пораҳои ҳамоҳанг ва мутавозӣ тақсим кардани байтро ифода менамояд. Тақтеъ ду хел мешавад: ҳиҷоӣ ва арконӣ ва ё порчаҳои тараннумӣ. Тақтеъи ҳиҷоӣ муайян кардани ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ буда, тақтеъи арконӣ, яъне рукнӣ аз рӯи қитаъҳои ҳамоҳанг ба порчаҳои тараннуми ҷудо кардани шеър аст.
    Рукн низ калимаи арабӣ буда, маънои поя ва сутунро ифода менамояд. Рукнҳо аз рӯи ҷои ишғолкардаашон дар байт номҳои ҷудогона мегиранд.
пешина
аз 344
навбатӣ