Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хонандагонро ба дарки маънии рамзии шеър омода мекунад.
Сипас, дарсро метавонад ба дастури зер гузаронад.
Баъди тафсири пешакӣ шеърро аввал муаллим хонда, мазмунашро шарҳ медиҳад ва тобишҳои ҳиссӣ ва маънавии онро баён мекунад. Шогирдон аз паи устод матнро мехонанд ва дар атрофи саволи «Мавзўи шеъри щоир чист?» гуфтугў миёни муаллим ва хонандагон ба тариқи зайл идома меёбад.

  • Ҷовидонагии номи суханварро шарҳ диҳед.
  • Дар кадом пораи шеър дар ин бора сухан меравад?
  • Орзуи Фирдавсӣ аз навиштани «Шоҳнома» чӣ буд?
    Сатрҳоеро, ки орзуи Фирдавсиро ифода мекунанд, ҷудо мекунем. Тасвири Фирдавсӣ ва Лоиқро дар синф гузошта байтҳоеро, ки ҷовидонагии кор ва номи шоирро таъкид намудаанд, ҷудо менамоем.
    Ин гуфтугў мавзўъ ва нақшаи шеърро муайян мекунад.
    Даромад.
  1. Ҷузъиёт, замон ва макони тасвиршуда.
  2. Симои Фирдавсӣ.
    Қисми асосӣ 3. Орзуи шоир.
  3. Корези Фирдавсӣ.
  4. Ноумедии шоир, шикасти орзу.
  5. Ҷаҳонбинӣ ва шахсияти адиб, ҳунари эҷодкорӣ.
    Нақшаро тартиб дода, шарҳ медиҳем, ки ҳар қисм чӣ тобише дорад. Муносибати шоир ба мавзўи тасвиркардааш чӣ гуна аст? Оғози шеър даромади роҳкушоест. Қитъаи дуюм афзоиши лаҳн ва нируи таъкиди мантиқиро собит мекунад.
    Қитъаи сеюм, махсусан, мисраи «Лек на Маҳмуд инъомаш бидод» садоро баландтар мекунад ва таъкидро меафзояд. Дар қитъаи чорум лаҳн нарм шуда, оҳанги нафрат қувват мегирад: «Орзуи шоир андар дил бимурд…»
    Дар қитъаи панҷум лаҳн аз нав қувват мегирад ва ба ҷовидонагии кори неку номи нек итминон медиҳад.
    Оре, корезе, ки андар назм канд, Ҷовидон ҷорист бар нафъи башар.
пешина
аз 344
навбатӣ