Зеҳн
МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

БАЙТИ 8. МАЪНӢ: Суханро ҳар кӣ ба ҳар навъе таъриф кардаанд, шоҳон онро чун шоҳи ҳама чиз донистаанд, зеро ҳадафи ниҳоии офариниш сухан аст БАЙТИ 9. АЛАМ: Парчам, ливо. МАЪНӢ: Шоир суханро ба шоҳе монанд кардааст, ки қалам ва алам дорад ва мегўяд:
Гоҳ ливои султони суханро ба василаи наво ва овоз бармеафрозанд ва гоҳ қалами султони суханро ба воситаи нигор ва нигоштан берун меоваранд. Хулоса ин ки сухан гоҳ шифоҳӣ баён мешавад ва гоҳ хаттӣ.
БАЙТИ 10. МАЪНӢ: Шоҳон бар иқлиму кишварҳо бо ёрии сухан салтанат рондаанд, пайғамбарон ва пешвоёни дин аҳкоми динӣ ва шариати худро ба сухан муқаррар ва тасдиқ кардаанд.
БАЙТҲОИ 11, 12. АРАЗ: Матоъ. САРРОФИ АРАЗ:
Заршинос, фарқкунандаи пули сара аз носара, шиносандаи арзиши матоъу коло. ЗАРИ КУҲАН: Тиллои холис.
МАЪНӢ: Зари холис ва шеъри моро барои арзишёбӣ назди сарроф бурд ва пурсид, ки аз сухану шеъри тоза ва зари холис кадом як беҳтар аст? Сарроф ба таъкид ҷавоб дод, ки сухан беҳтар аст БАЙТИ 13. САДРНИШИНТАР: Болонишин, раис, сардор.
МАЪНӢ: Пешгоҳнишин ва садри ҳама чиз сухан аст ва алҳақ сухан молику сарвари мулки ҷаҳон аст БАЙТИ 14. ОВОЗА: Ин ҷо ба маънии шуҳрат, мартаба.
МАЪНӢ: То сухан аст шуҳрату мартаба аз сухан бод ва номи Низомӣ низ ба суханаш зиндаву ҷовид ва наву зебо бод Омўзгори адабиёт ҳангоми таҳлили шеър бояд ба нуктаҳои мазкур таваҷҷўҳ дошта, шогирдонро ба дарки дурусти шеър раҳнамун созад. Танҳо бо ин шева тавонад ҳунари шоирро шиносонад ва маънии мақсудро дарёбад адабиётро ба ҳайси як санъату ҳунар таълим диҳад.
Мушкилоти тафсир ва таҳлили шеъри орифона дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи босазо дорад. Бидуни донистани ирфони ошиқона дарки шеъри шоирони ориф, монанди Аттору Мавлавӣ ва ё Саъдию Ҳофиз аз имкон берун аст.

пешина
аз 344
навбатӣ