МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

АБДУСАМАДИ МУЛЛО. Китоби дарсии мазкур иқдоми тоза дар низоми таҳсилот буда, асосҳои методологӣ, тарзи ташкил ва баргузории тадриси адабиёти тоҷикро равшан намудааст. Дар он равиш ва усулҳои навини тадриси адабиёти тоҷик барои омўзгорон ва толибилмон пешкаш гардида, дар ҷараёни таълим ва омўзиши фанни адабиёти тоҷик ба омўзгорон ва донишҷўён раҳнамойи муфид мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 344 саҳифа
Маснавии мазкур аз бист мақола (боб) иборат буда, сужаи ягона надорад ва мақолоти он ба масоили мухталиф, амсоли офариниши олам, ситоиши сухан, ҳақиқати ҳастӣ, ишқ ва ғайра бахшида шуда аст.
ГУФТОР ДАР ФАЗИЛАТИ СУХАН
Ҷунбиши аввал, ки қалам баргирифт
Ҳарфи нахустин зи сухан даргирифт.
Пардаи хилват чу барандохтанд,
Ҷилваи аввал ба сухан сохтанд.
То сухан овозаи дил дарнадод,
Ҷон тани озода ба гил дарнадод.
Чун қалам омад шудан оғоз кард,
Чашми ҷаҳонро ба сухан боз кард.
Хатти ҳар андеша,ки пайвастаанд,
Бар пари мурғони сухан бастаанд.
Нест дар ин кўҳнаи навхезтар,
Мўйшикофе зи сухан тезтар.
Аввали андеша пасини шумор,
Ҳам сухан аст, ин сухан ин ҷо бидор!
Тоҷварон, тоҷвараш хондаанд
В-он дигарон он дигараш хондаанд.
Гаҳ ба навое аламаш баркашанд,
Гаҳ ба нигоре қаламаш даркашанд.
Мулки табиат ба сухан хўрдаанд,
Муҳри шариат ба сухан кардаанд,
К-он сухани мову зари хеш дошт,
Ҳар ду ба саррофи сухан пеш дошт.
Аз сухани тозаву зарри куҳан,
Гуфт: Чӣ беҳ? Гуфт: Сухан беҳ,сухан!
Садрнишинтар зи сухан нест кас,
Давлати ин мулк суханрост бас.
То сухан аст, аз сухан овоза бод,
Номи Низомӣ ба сухан тоза бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё