ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
ҷиҳати морфологии он бошад, риояи қоидаҳои сохтори морфологӣ ва калимабандии истилоҳҳоро дар забони тоҷикӣ талаб дорад (алфа-нурафканиш, амплитудӣ, деформатсияшавандагӣ, ионидан ва ғайра).
Яке аз принсипҳои муҳими иқтибос кардани истилоҳоти байналхалқии илмиву техникӣ мувофиқатии истилоҳоти иқтибосӣ ба талабот нисбат ба истилоҳот, яъне системнокии истилоҳ, якмаъноӣ ва дақиқии маънои он, кўтоҳӣ ва монанди инҳо мебошад.
Дар мавриди дар забони тоҷикӣ пазируфтани истилоҳоти байналмилалӣ бояд шартҳои зерин низ риоя карда шаванд.
Дидан мебояд, ки:
а) истилоҳи пазируфташаванда ба савтиёти забони миллӣ чӣ андоза қаробат дорад;
б) шакли истилоҳи байналмилалӣ ба қонуниятҳои калимасозии забони тоҷикӣ мувофиқат мекунад ё на ?;
в) аз истилоҳи байналмилалӣ имкони сохтани ҳосилаистилоҳот вуҷуд дорад ё на?.
Тарзҳои дар матнҳои алоҳидаи адабиёти илмӣ-техникии тоҷикӣ ворид сохтани истилоҳоти байналмилалӣ инҳоянд:
- дар мавриди истеъмоли истилоҳоти байналмилалӣ зарур аст, ки дар матни алоҳида аввал истилоҳоти байналмилалӣ ишорагузорӣ шуда, дар поварақ маънии луғавии он навишта шавад. Баъдан дар мавриди овардани таърифи он дар қавс шакли англисӣ ва муодили тоҷикии он низ нишон дода шавад, чунончи дисперсия (dispersion, пошхўрд), деформатсия (deformation, тазйиқ), ионизатсия (ionization, иониш), амплитуда (amplitude; реак value-домана, паҳноӣ; қимати авҷӣ) ва ғайра.
Минбаъд дар сурати такрор ёфтани истилоҳ дар дарозои матн ишораҳои даруни қавс бояд партофта шаванд. - дар мавриди истеъмоли муодили тоҷикии истилоҳоти байналмилалӣ зарур аст, ки дар матни алоҳида аввал муодили тоҷикии истилоҳ ва сипас, як маротиба дар қавс шаклҳои русӣ ва англисии он низ нишон дода шаванд, чунончи, конун (фокус, focus), садошиносӣ (акустика, acoustic), қутбиш (поляризатсия, polarization), фаъолсозӣ (активатсия, activation), ҷўрӣ (когерентность, coherence), раванд (протсес, process) ва ғайра.
Минбаъд дар сурати такрор ёфтани истилоҳ дар дарозои матн ишораҳои даруни қавс бояд партофта шаванд.
Ин ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ имкон фароҳам меорад, ки истилоҳоти илмии техникиро якбора бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз бар намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё