ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Технология
Аз аввал хондан- ҷонишинҳои шумо, мо, ин, он, чунин, чунон, онҳо ва ғайра; Мисолҳо: Шумо ба сохти қабату қишоҳои электронии элементҳо шинос гардидед…; Ҳоло мо барои муайян кадани сохти атом ба таҷрибаи Резерфордро муойина менамоем…; Чунин таносуб маънои онро дорад, ки нисбати фишорҳо ва ҳаҷмҳо бузургии доимӣ мебошанд ва ба ҳарорати ҷисм вобастагӣ надоранд….
- сифатҳои феълии замони гузашта, чун охирон, гузашта, додашуда, пештара, исботшуда, баохирасида, баёнгардида, ёфташуда, муайяншуда, қайдшуда, номбаршуда, овардашуда, гудохташуда, истифодашуда, ёдрасшуда, муқарраршуда ва сифатҳои феълии замони ҳозира. чун ҳалшаванда, қайдкунанда, қабулкунанда, гармкунанда, сардкунанда, ҳаракаткунанда, тақсимкунанда, тақсимшаванда, зарбшаванда, зарбкунанда, дурахшанда ва ғайра, ки алоқаро бо матни гузашта таъмин мекунанд; Мисолҳо: Мисолҳои овардашуда ба хулосае меоранд, ки муодилаҳои дифференсиалӣ воситаи тавонои таҳқиқ мебошанд…; Сели электронҳои инъикосшударо силиндри Фарадей ба қайд мегирад…
- калимаҳои туфайлӣ: аввалан, сониян, якум, дуюм, аз як тараф, аз тарафи дигар ва ғайра, ки муҳокимаҳои илмиро соддаву фаҳмо мегардонанд.
Мисолҳо: Ҳамин тариқ, бунёди назарияи молекулӣкинетикии ҷисмҳоро мабдаъҳои зерин ташкил медиҳад, ки онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё