ЗАБОНИ АДАБИЁТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКИИ ТОҶИКӢ

Нуров Пирмаҳмад. Забони адабиёти илмию техникии тоҷикӣ. Дар воситаи илмии таълимии мазкур бори нахуст дар забоншиносии тоҷикӣ хусусиятҳои умумӣ, луғавӣ ва истилоҳотии забони адабиёти муосири илмии техникии тоҷикӣ мавриди баррасӣ, омўзиш ва таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 67 саҳифа
Технология
Аз аввал хонданБузургии физикиеро, ки ба нисбати масофаи дар воҳиди вақт паймудаи ҷисм (S) бар вақти паймуда (t) баробар аст, суръати ҷисм меноманд ва бо ҳарфи V ишорат мекунанд.
Бузургиеро, ки тезии тағйирёбии суръатро тавсиф медиҳад, шитоб меноманд.
- фаҳмидан:
Нуқтаи моддӣ гуфта ҳаргуна ҷисмеро мефаҳманд, ки андозаҳои онро дар шароити муоинашаванда ба инобат нагирифтан мумкин аст. Ҳаракати ростхаттаи ҷисм гуфта ҳаракатеро мефаҳманд, ки дар он масир хати рост аст.
Дар матнҳое, ки чиз (предмет) ва ҳодисаҳои илмиро ифода мекунанд, феълхои таркибии навъи хизмат кардан; мансуб будан ва ғайра бештар истифода мешаванд:
Ҳаракати қаторае, ки аз истгоҳ ба ҳаракат даромада, оҳиста-оҳиста сурати худро зиёд менамояд, ба сифати мисоли ҳаракати бошитоб хизмат карда метавонад.
Ба ҳаракати бошитоб афтиши озодонаи ҷисмҳо мансуб аст.
Зимни тасниф кардани сохт ва таркиби модда феълхои таркибии мавҷуд будан; истифода шудан (кардан) ва монанди инҳо истифода мешаванд:
Дар қабати замин миқдори ками мис мавҷуд аст, ки он ба таркиби конҳо дохил мешавад. Муҳимтарин маъданҳое, ки дар таркиби онҳо мис мавҷуд аст, дурахши мисӣ, колчедани мисӣ ва монанди инҳо мебошанд. Мис дар саноат ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё