ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳоло 46 дарсади аҳолии мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунад. Соҳа 21 дарсади маҷмўи маҳсулоти дохилиро медиҳад ва бинобар ҳамин, ҳолати кор дар бахши кишоварзӣ ба рушди босуботи иқтисодӣ таъсири калон дорад. Гузашта аз ин, таъмини амнияти ғизоӣ севумин ҳадафи стратегии давлатамон аст, ки мо ба ин нуқтаи мурод торафт наздиктар мешавему тадбирҳои андешидаи ҳукуматамон, ки дар қатори дигар масъалаҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбинӣ гардида буданд, ба амалисозии мақсади мазкур равона гардиданд.
Идомаи ислоҳот, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, дастгирии давлатии соҳа, таҷдиди инфаструктураи хоҷагиҳо, тавассути ворид намудани технологияҳои ҳозиразамони парваришу нигоҳубини зироатҳо афзун намудани маҳсулот, пешниҳоди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ мусоидат кардан ба рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ номгўи нопурраи иқдомҳое ҳастанд, ки дар давраи номбурда аз ҷониби ҳукумати малакат рўи кор гирифта шудаанд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои обёрию азхудкунии заминҳои нав, бозгардондани заминҳои бекорхобида ба истеҳсолоти кишоварзӣ, таҳияи барномаи дарозмуддати давлатии марбути соҳаи мазкур бо ҷалби манбаъҳои гуногуни сармоягузорӣ, истифодаи самараноки замин ва тавсеа бахшидани майдони кишти тирамоҳӣ, таъмини рушди устувори соҳаи пахтакорӣ, ривоҷи боғдорию ангурпарварӣ, тақвияти ҷанбаи содиротии тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он дар дохили кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардид.
Дар соҳа соли 2011- 2014 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ мавриди татбиқ қарор доштанд.
Фаъолияти ҳукумат дар самти сиёсати минтақавӣ вусъати тоза пайдо карда, ба рушди ҳамаҷониба ва ободонии шаҳру ноҳияҳои кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таҳкими имкониятҳои дохилии онҳо эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё