Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аввалин нишасти матбуотии он кас бо намояндагони васоити ахбори омма дар оғози соли 2007 собит намуд, ки Раиси вилоят ҳамешагӣ омода аст, ки бо журналистону кормандони расонаҳои хабарӣ ҳамкорӣ намояд. Дар он нишаст ва давоми ҳафт соли фаъолияти корӣ дар ҳамаи нишастҳои матбуотии Раиси вилоят ширкати рўзноманигорон озод ва суҳбатҳо дар фазои воқеии демократӣ сурат мегирифтанд.
Аз оғози кор дар вилоят раис таваҷҷўҳи хоса ба рушди телевизиони вилоят доштанд. Хурсандибахш он буд, ки пешниҳоду ғояҳои роҳбарият ва кормандони телевизону радио дар мавриди пешрафти кор аз ҷониби раис хуб пазируфта мешуд ва амалӣ ёфтани онро ҳатман назорат ҳам мекарданд. Эътибору дастгирии Раиси вилоят нерўҳои эҷодиро дар дохили телевизон ва радио ба ҷунбиш овард, ки дар натиҷа чандин барномаҳои тозаву нав, чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз лиҳози шаклу услуб рўи кор омаданд. Аз ҷумла, барномаҳои нави “Ҳафта”, “Ошёни меҳр”,” Меҳрафрўз” ва ғайра дар як муддати кўтоҳ байни тамошобинон обрўву нуфуз пайдо карданд. Агар аз як ҷониб барномаҳои нав таҳия гарданд, аз ҷониби дигар барномаҳои пешина бо рангу тобиши нав мутобиқ ба талаботи замон дар фазои вилоят пахш мегардиданд. Муҳимтарин масъалае, ки дар назди идораи телевизион ва радио меистод ва дар ҳалли он танҳо таваҷҷўҳ ва дастгирии Раиси вилоят зарур буд, ин зиёд намудани соати пахши барномаҳои телевизион ва радио маҳсуб меёфт. Дар ин самт мўҳтарам Қоҳир Расулзода кўшишҳои зиёде намуданд, ки дар натиҷа нимаи моҳи апрели соли 2007 шифоҳӣ ва дар охири моҳи май расман аз ҷониби раиси онвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаддулло Раҳмонов барои пахш тавассути мавҷи 37 (баъдан мавҷ ба рақами 56 иваз карда шуд) дастури иҷозат расид.

пешина
аз 601
навбатӣ